Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад”. Зеро агар аз коррупсия як гурӯҳи хурди ҷомеа манфиатдор бошанд, вале таъсири манфии он ба тамоми мардум ва давлат мерасад.
Аз ин рӯ, таҳқиқи зарари коррупсия ва роҳҳои пешгирии он дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмӣ ва амалӣ барои кишварҳои мустақил ба шумор меравад.
Коррупсия яке аз зуҳуроти манфии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад, ки рушди муназзами ҷомеа ва давлатро халалдор месозад. Аз ҳама бештар, ин падида ба амнияти миллӣ яъне истиқлолият, суботи сиёсӣ, амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таъсири манфии амиқ мерасонад. Ин падида ба пояҳои давлатдорӣ зарбаи ҷиддӣ ворид карда, беэътимодиро байни шаҳрвандон ва ҳукумат эҷод мекунад. Сарфи бесамари маблағҳои давлатӣ, барномаҳои рушд ва грантҳо дар тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ боиси зуҳури гурӯҳи манфиатхоҳ, амалӣ нагаштани ҳадафҳои рушди миллӣ, паст рафтани сатҳи некуаҳволӣ, коҳиши эътимод ба низоми давлатдорӣ ва адами боварӣ ба ояндаи дурахшон яке аз омилҳои зиндагӣ ва ҳадафмандии ҳар як фард мегардад. Ин масъала на танҳо мушкилоти иқтисодӣ, балки таҳдиди мустақим ба амнияти миллӣ ва истиқлоли давлатӣ мебошад. Давлате, ки муборизаи муассир алайҳи коррупсия намебарад, дер ё зуд бо хатарҳои ҷиддии дохилӣ ва беруна рӯ ба рӯ мегардад.
Барои дарки хатари коррупсия пеш аз ҳама донистани шаклҳои зоҳиршавии он, омилҳои ба амал омадни коррупсия ва дарки зарари он ба ҷомеа зарур мебошад.
Бояд дарк намуд, ки коррупсия таъсири муассири манфӣ ба тамоми сохторҳои ҷомеа ва давлат мерасонад, ки дар самтҳои зерин инъикос мегарданд:
Фалаҷшавии низоми иқтисодӣ: Коррупсия рушди иқтисодиро суст намуда, монеи ҷалби сармоягузорӣ мегардад. Кишварҳое, ки сатҳи баланди коррупсия доранд, бинобар татбиқ нагаштани ислоҳоти иқтисодӣ аз рушди иқтисодии устувор маҳрум мегарданд;
Кам гаштани эътимод: Шаҳрвандон ба сохторҳои давлатӣ беэътимод мешаванд, ки ин метавонад боиси бесуботии сиёсӣ ва иҷтимоӣ гардад;
Коҳиши сатҳ ва сифати хизматрасонӣ: Ба сабаби ришваситонӣ, сифати соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва хизматрасонӣ паст мегардад;
Монеаи рушди демократия ва давлатдорӣ: Коррупсия интихоботҳои озоду одилонаро халалдор карда ба ривоҷи беҳокимиятӣ мусоидат менамояд.
Мубориза бо коррупсия дар шароити ҷаҳонишавӣ вазифаи масъул ва муҳим мебошад. Ин мубориза бояд дар ҳама сатҳ аз сиёсат ва қонунгузорӣ то фарҳанг ва технология роҳандозӣ шавад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия на танҳо амали ахлоқӣ, балки зарурати ҳаётӣ барои ҳифзи истиқлоли миллӣ мебошад. Танҳо тавассути ҳамоҳангсозии тадбирҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои нав, таҳкими қонун ва бедории иҷтимоӣ дар заминаи фарҳанги воло метавонем бо коррупсия самаранок мубориза барем ва рушди устувори ҷомеа ва давлатро таъмин намоем.
Сафаров Фаридун,
Мутахассиси пешбари Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

