• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Migration Service by Migration Service
25.09.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии муфид бо муҳоҷирони ба втан баргашта ва аъзои оилаи онҳо дар бинои Ҷамоти деҳоти Кӯлоб баргузор гардид.

Дар чорабинӣ вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, пешгирии шомилшавии ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва созмонҳои террористӣ, муқовимат ба коррупсия ва омодагиҳо ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ибрози назар намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки даврони соҳибистиқлолӣ имконият фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Бо назардошти ин ҳар яки мо бояд Ватани худро дӯст дорем, арзишҳои миллиро  эҳтиром намоем, барои рушди минбаъдаи он ва пойдории сулҳу субот саҳмгузор бошем.

Дар чорабинӣ, вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгароӣ, созмонҳои террористӣ, муқовимат ба амалҳои коррупсионӣ ва Қонунҳои нави амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, ба ҳозирин маълумоти муфассал дода қайд карданд, ки пеш аз ба муҳоҷират рафтан бояд ба шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират ва Марказҳои захиравии муҳоҷирон муроҷиат намуда, маълумотҳои заруриро дасрас намудан лозим аст.

Бояд гуфт, ки будубоши муҳоҷирати меҳнатӣ, дар ҳудуди Федератсияи Россия тибқи қонуни Федералӣ «Дар бораи будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар  Федератсияи Россия» аз 25 июли соли 2002, №115-ФЗ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин қонун аз 15 августи соли 1996 «Дар бораи тартиби даромад ба Федератсияи Россия ва баромад аз ҳудуди Федератсияи Россия», ки аз 24 ноябри соли 2014, таҳти №357 ФЗ таҳия гардидааст, амалӣ карда мешавад.

Бояд дар хотир дошт, ки қонуни мазкур шаҳрвандони хориҷиро вазифадор менамояд, ки дар баробари гирифтани Патент, қайди ҷойи истиқомат, донистани забон, расму оин, таърих ва фарҳанги кишвари қарордошта минбаъд бояд талаботҳои қонуни мазкурро, ки дар он масъалаи будубоши шаҳрвандонро 90 ба 180 рӯз нишон додааст пурра риоя намоем. Ин маънии онро дорад, ки шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ворид гардидан ба Федератсияи Россия метавонанд, ки 90 рӯз фаъолияти меҳнатӣ намуда, баъди он бояд кишвари иқоматро тарк намуда, 90 рӯзи боқимондаро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (ё кишвари дигар) гузаронида баъди гузоштани мӯҳлати муқарраргардида шаҳрванд метавонад аз нав вуруди қаламрави Федератсияи Россия гардида фаъолияти меҳнатиро идома диҳад.

Дар робита ба масъалаи бакортаъминкунии муҳоҷирони ба ватан баргашта ва хориҷшуда корманди масъули МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе  маълумот дода қайд намуд, ки хоҳед, ки муҳоҷирати шумо бехатар бошад барои ба хориҷи кишвар ба муҳоҷират рафтан ба Марказҳои машваратӣ муроҷиат намуда оиди читавр пайдо кардани кор дар хориҷа, аз ҷумла дар Аврупо, Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои халиҷи Форс маълумоти муфассал гиред.

Барои ба ин кишварҳо сафар кардан пеш аз ҳама донистани забон ва эҳтироми арзишҳои миллии онҳоро риоя намудан зарур мебошад.

Бояд шумо донед, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи ширкатҳои қалбаки ва шахсони алоҳида хабарҳои бардурӯғ оиди кори музди маошаш баланд ва шароити кории мувофиқ вақтҳои охир бисёр паҳн гардида одамонро гумроҳ месозанд.

Аз ин хотир, ба ин эълону овозаҳо бовар кардан қобили қабул нест ва шумо танҳо мушкилоти худро метавонед тариқи мақомотҳои дахлдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Хадамоти муҳоҷират, ҳал намоед.

Дар хатми чорабинӣ меҳмонон ба саволҳои сершумори иштирокчиён ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе

Next Post

Баргузории вохӯриву мулоқотҳо бо шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе

Next Post
Баргузории вохӯриву мулоқотҳо бо шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе

Баргузории вохӯриву мулоқотҳо бо шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.