• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Варзоб: Конфронси ноҳиявӣ таҳти унвони “Ҳар қатраи об-як қадами зиндагӣ”

Migration Service by Migration Service
24.04.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Варзоб: Конфронси ноҳиявӣ таҳти унвони “Ҳар қатраи об-як қадами зиндагӣ”
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Санаи 23-юми апрели соли равон дар ноҳияи Варзоб тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” конфронси ноҳиявӣ зери унвони “Ҳар қатраи об-як қадами зиндагӣ” таҳти Раёсати раиси Кумитаи иҷроия Қосимзода Маҳтоб Пир, муовини раиси ноҳияи Варзоб Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо, сардори шуъбаи пешгӯии иттилоот ва бойгонии маркази яхшиносии Агентии обу ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурабеков Тамлихо, мутахассиси маркази яхшиносии мазкур Арбобзода Малика ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Олимзода Орифҷон Олим доир гардид, ки дар рафти он роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва собиқадорони ҳизб иштирок намуданд.

Баромадкунандагон зимни суханрониҳои худ ёдовар шуданд, кӣ: – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” яке аз пешниҳодҳои муҳими Тоҷикистон буда, як қатор манфиатҳои миллӣ ва умумибашариро доро мебошад. Инчунин, дар ҳамбастагӣ бо дигар ташаббусҳои ҷаҳонии марбут ба об мавқеи хос ва нақши пешбарандаи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об инъикос намуда, эътироф гардидани Тоҷикистонро аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун мамлакати пешсаф дар ин самт муаррифӣ менамояд; – яке аз ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” мебошад, ки 21-уми декабри соли 2016 дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ карда шуд.

Боиси ифтихор аст, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби давлатҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфт. Зеро масъалаи норасоии об яке аз мушкилиҳои глобалии ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, таваҷҷуҳи аҳли сайёра ба ин масъала ҷалб гардидааст. Қобили қайд аст, қаблан бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли 2003 – соли байналмилалии оби тоза”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”, “Соли 2013 – соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон гардида буд. Инчунин бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо маҳорати қобили таваҷҷуҳ дар мавриди татбиқи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи ҳамкории байнамилалӣ пайваста кушиш ба харҷ медиҳад; – иқдоми дурандешонаи Тоҷикистон умуман доир ба масъалаҳои марбут ба об барои бартараф кардани мушкилоти глобалӣ аз ҷумла: норасоии оби нӯшокии бехатар, афзоиши бемориҳои сироятӣ, тағйирёбии иқлим ва вазъи ташвишовари экологӣ, ки боиси кам шудани манбаъҳои обӣ мегардад, метавонад то андозае мусоидат намояд. Ҳамчунин, Даҳсолаи мазкур ташаббус ва иқдоми бузурги башардӯстонае ба шумор меравад, ки дар амал татбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокинони сайёра беҳбудӣ ва хушбахтӣ меорад ва эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори ин иқдом боло мебарад; – тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шуморидани он, қиммат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург, қарзи ҳар як инсони асил аст. Зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки махзани нуру рӯшноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист; – Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чандин маротиба тавонист бо таҳия ва пешниҳодҳои муҳим дар мавриди ҷустуҷу ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Ин иқдомҳои шоиста кишвари моро дар пеши назари оламиён ҳамчун кишвари ташаббускор ва дорои таваҷҷуҳи хос дар ҳалли мушкилоти сайёра муаррифӣ намудааст; – ташаббусҳои байналмилалие, ки тайи ду даҳсолаҳои охир бо роҳбарӣ ва пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилали амалӣ гардиданд, масъалаҳои ҳаётан муҳим барои инсоният ба меҳвари сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтанд.

Ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъмини амнияти экологӣ, коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ равона гардидаанд.

Орифҷон Олимзода,

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

Омилҳои таъсиррасон ба экстремизм ва терроризм

Next Post

Пурзӯр намудани суҳбату вохӯриҳо дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Next Post
Пурзӯр намудани суҳбату вохӯриҳо дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Пурзӯр намудани суҳбату вохӯриҳо дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.