Кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” бо муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Масъулин ба муҳоҷирони меҳнатӣ оиди қоидаҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, аз ҷумла, пурзӯр шудани санҷишҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баланд шудани арзиши патент ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз тавсияҳои муфид доданд.
Ба маълумоти шаҳрвандон расонида шуд, ки имкониятҳои шуғли меҳнатӣ дар Федератсияи Россия дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ фароҳам оварда шудааст. Пеш аз ҳама, шаҳрвандон бо кори қонунӣ ва бехатар таъмин мешаванд, зеро шартномаи расмии меҳнатӣ кафолати музди меҳнат, пардохтҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳоро таъмин мекунад. Илова бар ин, иштирокчиён бо ҷойи кори серталаб дастрасӣ пайдо намуда, метавонанд сатҳи тахассуси худро мутобиқ ба меъёрҳои кишвари Россия баланд бардоранд.
Ҳамзамон, раванди сафар ва ҳуҷҷатгузори содда гардонида шудааст: тамоми санҷишҳои зарурӣ, аз қабили тиббӣ, биометрӣ, изи даст ва ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Дар фарҷом ба шаҳрвандон аз ҷониби масъулин варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

