Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Фархор суҳбату вохӯриҳо шурӯъ гардидааст. Ин навбат вохӯрии судманди гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо омӯзгорону хонандагон ва волидони муҳоҷирони ба ватан бозгашта дар Ҷамоати деҳоти Ватан деҳаи Лолазор оғоз гардид.
Баромадкунан дар рафти вохӯрӣ вобаста ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, пешгирии баъзе ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсии мардум, садоқат ба халқу Ватан, сарҷамъ гардидан дар атрофи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд.
Гуфта шуд, ки дар баробари таваҷҷуҳи хос ба рушди илму маориф ва дастгирии ҷавонон, дар Паёми имсолаашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани нуфузи байналмилалии кишвар низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Қайд гардид, ки дар Паём Роҳбари давлат оид ба амалишавии Старатегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2030 таҳлил намуда, оид ба сифатан иҷро намудани нишондодҳои ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз барои миллат ва давлатдории навини тоҷикон дастуру ҳидоятҳо манзур намуданд.
Инчунин оиди амалишавии қонунҳои миллӣ, амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ва оид шуғлнокии аҳолӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор, грантҳои Роҳбари давлат оиди касбомӯзон ва ҳунармандони занҳои хонашин, курсҳои кӯтоҳмудати дӯзандагию пазандагӣ ва дигар масъалаҳои шуғлнокӣ суҳбат намуданд.
Илова бар ин намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардид ва вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуданд.
Дар фаромади чорабинии мазкур сокинон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

