Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод гурӯҳи кории мақомот дар Муассисаҳои таълимии №47,51,53,34 –и ноҳия мулоқоти судманд бо падару модарон ва омӯзгорону хонандагон дар мавзуҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, танзими ҷашну маросим, стратегияи муқовимат бо коррупсия ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории мулоқот баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳаёти фаъоли ҷамъиятӣ арзёбӣ гардид.
Зимни суханрониҳо масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, муқовимат ба ифротгароӣ, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва таҳкими тарбияи ахлоқию маънавии насли ҷавон мавриди баррасии амиқ қарор дода шуданд.
Таъкид гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду камоли ҳамаҷонибаи ҷавонон равона гардида, аз онҳо эҳтиром ба қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеаро тақозо менамояд.
Инчунин, дар ҷараёни мулоқот намоянадаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳозирин ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Қайд шуд, ки зарур аст ҷавонон бештар ба таҳсил дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишкадаҳо ҷалб карда шаванд.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Дар анҷоми чорабиниҳо ба иштирокчиён тавсияҳои амалӣ оид ба риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ пешниҳод гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки чунин ҳамкориҳои судманд дар оянда низ идома ёфта, дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва таҳкими суботи ҷомеа нақши муассир хоҳанд гузошт.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

