дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар самти муҳоҷирати бехатар, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, инчунин пешгирии савдои одамон вохӯрӣ бо оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо сокинони шаҳраки Шайдон, ки ҳамзамон оилаҳои муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъулон оид ба масъалаҳои муҳими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла тартиби дурусти сафар ба хориҷи кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва экстремистӣ, роҳҳои муқовимат ба савдои одамон инчунин муқовимат бо коррупсия баромад намуданд.
Қайд гардид, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бояд танҳо тавассути роҳҳои қонунӣ ба хориҷи кишвар сафар намуда, ҳуҷҷатҳои заруриро омода созанд ва аз хизматрасониҳои шахсони номаълум худдорӣ намоянд. Ҳамзамон иштирокчиён огоҳ карда шуданд, ки гурӯҳҳои ифротгаро бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, ҷавононро ба доми худ мекашанд, бинобар ин ҳушёр ва зирак бошанд
Ҳамзамон, оид ба хавфҳои савдои одамон маълумоти муфассал пешнињод гардида, зикр шуд, ки аксар ҳолатҳо бо ваъдаҳои кори сердаромад ва шароити хуби зиндагӣ оғоз меёбанд. Ба иштирокчиён тавсия дода шуд, ки ҳангоми интихоби ҷойи кор ва сафар ба хориҷи кишвар эҳтиёткор бошанд ва танҳо ба манбаъҳои боэътимод муроҷиат намоянд
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

