Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод бо мақсади гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ва аъзои оилаи онҳо вохӯрии саривақтӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод Солиев М., бо шаҳрвандон доир ба тағйиротҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ зимни фаъолияти меҳнатӣ, фаъолият дар заминаи шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, огоҳонӣ оид ба гурӯҳҳои хатарафзо, террористиву экстремистӣ, ифротгароии динӣ ва нигоҳдории беҳдошти саломатӣ ба шаҳрвандон ибрози андеша намуд.
Ҳамзамон, бо он нафароне, ки айни замон аз Федератсияи Россия ба ватан бозгаштаанд дар таъмин намудани онҳо бо вакансияҳои ҷойҳои кории холӣ дар ҳудуди ноҳия ва ширкатҳои ватанӣ, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсияҳо дод.
Зикр гардид, ки дар талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат тағйиротҳои зиёд дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ворид гардида, шаҳрвандонро зарур аст, ки меъёрҳои муайяншударо риоя намуда, баъди ба даст овардани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, дар мақомоти салоҳиятдор оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ огоҳинома пешниҳод намоянд.
Дар ин замина аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни фаъолияти меҳнатӣ меъёрҳои бехатарӣ дар истеҳсолотро риоя намуда, бехатарии саломатии худ ва дигар ҳамватанонро таъмин намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

