Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинаму зебандагиашро гум накардааст. Бо истифода аз матоъҳои нафис, гӯлдузии зебо ва нақшҳои анъанавӣ, либоси миллӣ на танҳо зебоии зоҳириро намоиш медиҳад, балки ҳувият ва таърихи бою фарҳанги тоҷиконро низ инъикос мекунад.
Ҳар як ҷузъи либоси миллӣ дорои маънии махсус аст. Нақшҳои гулдӯзӣ, ки дар либосҳои миллӣ истифода мешаванд, рамзи табиат, муҳаббат, зиндагӣ ва фарҳанги мардумиро инъикос мекунанд. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум зиёд гардидааст.
Дар ҳақиқат пӯшидани куртаи атласу адрас набояд либоси мавсимӣ бошад ва ба бар кардани он набояд дар арафа ва давраи баргузории иду ҷашнҳо ва илова бар ин бо супориши мақомот сурат бигирад, балки он бояд либоси рӯзмарраи ҳар зани тоҷик бошад. Либоси атласу адрас бешак ҳам ба зани роҳбару соҳибкор зебанда асту ҳам ба олиму омӯзгор ва ҳам ба донишҷӯву хонандаи мактаб.
Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хоса пеши назар меояд. Мутаасифона, имрӯзҳо мавзуи либоси миллӣ ва симои миллӣ бештар аз дигар мавзуъҳо мавриди гуфтугӯву баҳс қарор гирифтааст. Ва ин бесабаб нест. Зеро либоси миллии мо, ки баландтарин фарҳанги ҳадафноки миллиро таҷассум кардаасту дар дунё шабеҳ надорад, дар қатори бисёр дастовардҳои дигари миллии мо дар ин замони ҷаҳонишавӣ мавриди таҳдиду коҳиши бемавриду бемаъно қарор гирифтааст. Дар чанд соли охир аз ҷониби мардуми мо пӯшидани либосҳои миллати бегона ба расму одат даромад. Ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим занҳои мо пироҳанҳои дарози аз зону поён бо миёнбанди нозук ба бар мекарданд. Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае надошт. Сатри сиёҳ бошад, ба мардуми мо куллан бегона аст. Боиси таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунад. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст.
Дар робита ба ин масъала Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба Рўзи модарон чунин таъкид карданд: “Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва бафарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспўшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.
Модоме ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас, биёед, фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонагон фасод насозем ва онро ба ояндагон ба мерос гузорем. Умед бар он мекунем, ки корхонаҳои тавлидотии кишвар дар истеҳсоли матоъҳои хушсифату дастрас саҳми бештар дошта бошанд ва бо истифода аз ҳунару истеъдоди ҳунармандони касбии ватанӣ бозори истеъмолии кишварро бо молу матоъҳои рақобатпазиру бозоргир ҳарчи бештар таъмин намоянд атласу адрас либоси мавсимӣ набояд бошад.
Табарова Шоира,
Мутахассисси шуъбаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

