Бо қаноатмандиву ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони бонангу номуси тоҷик дар душвортарин шароиту лаҳзаҳо барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бузург гузоштанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҳақиқат фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо ҷавонон озодона дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа озодона метавонем кор ва фаъолият намоем. Имрӯзҳо қисми зиёди ҷавонони шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳарӯзаашон мебошад.
Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28-уми декабри соли 2024 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, кӣ: “Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд”.
Қобили қайд аст, ки ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, ҳамаи кишварҳои пешрафтаи сайёра аз ҷумла Тоҷикистони азизу маҳбуби мо барномаҳои миллии хешро бо такя ба ин неруи созанда тарҳрезӣ намуда, ширкати ҷавононро дар меҳвари сиёсати давлатии худ ҷой додаанд. Зикр кардан бо маврид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.
Мо ҷавонон – бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони сарбаланду бохиради хеш ифтихор менамоем ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, сулҳу амнияти пойдори Тоҷикистони азизро мақсаду мароми зиндагии ҳамешагии хеш меҳисобем. Шукргузори онам, ки миллати бузурги тоҷик имрӯз давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст. Акнун барои халқи тоҷик чун обу ҳаво ваҳдати миллӣ зарур аст. Танҳо якдилона мо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона метавонем, Истиқлолияти худро ҳифз намоему Ватани азизамон – Тоҷикистонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа оромиву шукуҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, махсусан насли ояндасози миллат – ҷавонон.
Имрӯз ҷавонони мо, ки такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа ба шумор меравад, дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақш ва мавқеи басо муҳимро касб кардаанд. Дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ ҷавонони кишвар дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми муносиб гузоштаанд. Бинобар ин, ҳар як ҷавони ватанпарастро зарур аст, ки дар муқобили рафтору кирдор ва идеяҳои ифротии бегонапарастонаи баъзе аз пешвоёни ба ном дин бетарафӣ зоҳир накарда, бояд дар таҳкими давлати миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Мо ҷавонон зери боли Тоҷикистони соҳибистиқлол камол ёфтем. Ин рафтори ноҷавонмардонаи гурӯҳҳои силоҳбадаст ҳеҷ гоҳ наметавонанд мо ҷавононро ба роҳи бад равона намоянд, зеро мо ҷавонон Ватани азизи худ, Тоҷикистони соҳибистиқлолро дӯст дошта, азм дорем, ки баҳри боз ҳам обод гаштани диёри хеш саҳмгузор бошем. Шаъну шарафи ояндаи миллат дар дасти мо ҷавонон аст. Модоме, ки мо мехоҳем дар оянда номи тоҷику Тоҷикистон ва фарҳангу тамаддуни миллати хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем, пас ҳар қадар, ки метавонем аз ҳар гуна хатоҳо эҳтиёд кунем, ҳатто аз хурдтарин амал ё коре, ки сабаби костагии обрӯю эътибори мо дар назди ҷаҳониён мегардад, даст кашему бо одобу ахлоқи ҳамида, бо илму маърифат ва ақлу хиради инсонӣ зиндагӣ кунем.
Мо ҷавонони даврони истиқлол ҷавобан ба ғамхориҳои доимии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии хешро барои дастгирии ҳамаҷонибаашон нисбати мо ҷавонон изҳори сипос намуда, ҳифзи озодиву Истиқлоли кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатиро вазифаи асосии худ шуморида, нерӯи созандаи худро ба кишвари ободу пешрафта Тоҷикистони биҳиштосо равона месозем. Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои Пешвои миллат дар самти ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хоса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд.
Мо ҷавонон дар қатори дигар ҷавонони кишвар худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намудем ва пайравони асили Пешвои миллатем. Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд. Мо ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки ҷавонони саодатманди мо сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаанд.
Хулоса, ба тамоми ҷавонони бонангу номуси Ватан умри дароз, файзу баракат, бахту иқбол, азму иродаи қавӣ ва сарбаландӣ орзу намуда, онҳоро ба донишомӯзӣ, соҳиби илму маърифат шудан даъват менамоям. Бигузор номбардори Ватани азизамон бошанд.
Олимзода Орифҷон Олим,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

