Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Лахш вохӯрии навбатӣ бо сокинон ва муҳоҷирони бозгаштаи маҳаллаи навбунёди Чорусии ноҳия баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Нозимҷон Икромов дар бораи Қонуни Федератсияи Россия № 274 ФЗ аз 1 июли 2021 соли “Дар бораи ворид кардани тағйирот ба Қонуни Федералӣ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия” ва Қонуни Федералӣ “Дар бораи бақайдгирии давлатӣ – дактилоскопӣ дар Федератсияи Россия”, ки аз 29 декабри 2021 сол ба иҷро даромад, фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ аз синни 6 сола вазифадоранд тартиби дактилоскопия (супоридани изи ангуштон) ва аксбардориро гузаранд, маълумот пешниҳод намуд.
Аз ҷумла, қайд намуд, ки мувофиқи Қонуни Федералии Федератсияи Россия аз 18.07.2006, № 109-ФЗ, моддаҳои 20-22 “Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия”, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла кӯдакони ноболиғ, уҳдадоранд, ки дар қаламрави Россия ба қайди ҷойи иқомат гузошта шаванд. Агар кӯдак ҳамроҳи падару модар ё намояндагони қонунии худ ворид гардад, ӯ дар ҳамон суроғае ба қайд гирифта мешавад, ки падару модар (ё намояндаи қонуниаш) сабт шудааст. Ҳамаи амалҳои зарурӣ барои гузоштани кӯдак ба қайди муҳоҷиратиро падару модар ё намояндагони қонунии ӯ иҷро мекунанд. Дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи бақайдгирии муҳоҷиратӣ метавонанд чораҳои масъулияти маъмурӣ татбиқ шаванд: ҷаримаҳои маъмурӣ, ва дар ҳолатҳои ҷудогона — хориҷ намудан (депортатсия) аз қаламрави Федератсияи Россия.
Инчунин, дар суҳбат бо сокинон доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар, инчунин, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суханронӣ намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

