Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳринав вохӯрии судманд бо сокинони Ҷамоатҳои деҳоти А. Ҳасанов ва Ҷусти ноҳия баргузор гардид, ки дар он фаъолон, сокинони касбу кори гуногун ва муҳоҷирони ба Ватан бозгашта фаъолона иштирок намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Ҷаборзода Расул масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ суханронӣ намуда, таъкид шуд, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон аҳамияти хоса дорад.
Ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Ҳамзамон, ба сокинони ноҳия тавсия дода шуд, ки аз гузаронидани маблағ аз кортҳои бонкии худ ба дархости шахсони бегона худдорӣ намоянд, зеро чунин амал метавонад ба маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ мусоидат кунад ва барои онҳо ҷавобгарии қонунӣ ба миён оварад.
Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

