Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо иштироки 60 нафар сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва таҳкими ҳамкории мақомоти маҳаллӣ бо аҳолӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Исфара Зиёваддинзода Суруриддин, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., оид ба масъалаҳои мубрами ҷомеа суханронӣ карданд.
Зимни баромадҳо ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, оқибатҳои манфии тақлид ба фарҳанги бегона, риояи қонунгузории миллӣ, аз ҷумла қонунҳои марбут ба танзими ҷашну маросимҳо, таасубу тақлид ба фарҳанги номақбули бегона, дурусту самаранок истифодабарии шабакаҳои интернетӣ ва роҳ надодан ба зиёдаравию ифротгароӣ, ба роҳ мондани кор дар самти касбомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Федератсияи Россия бозгашта, муҳоҷирати бехатар, муқовимат ба савдои одамон, пешгирӣ ва эҳтиёт шудан аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳарактҳои номатлуб ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хусусан дар муҳоҷират, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари мазкур, оиди роҳ надодан ба ришвахӯрӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ, инчунин оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.
Дар анҷом зикр гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо минбаъд низ идома ёфта, ба таҳкими робитаи давлат ва ҷомеа, пешгирии падидаҳои номатлуб ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

