Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди марҳалаи сифатан нави ташаккули таърихӣ гардида, пояҳои давлатдории соҳибихтиёр, дунявӣ, демократӣ ва ягонаи худро устувор намуд. Дар ин давраи тақдирсоз давлат барои пойдории сулҳу оромӣ ва тақвияти иттиҳоду ҳамбастагии миллӣ дар тамоми кишвар тадбирҳои қатъӣ ва созанда меандешад. Агар ба гузаштаи начандон дури кишвар назар афканем, аён мегардад, ки Тоҷикистон роҳи бисёр сангину пурпечутоберо тай карда, сипас ба ин рӯзгори ободу шукуфон мушарраф шудааст. Зеро низоъҳои таҳмилии дохилӣ, хатари аз байн рафтани миллат, харобии шаҳру деҳот ва хисороти беҳисоби иқтисодиву маънавӣ аз ҷумлаи мушкилоте буданд, ки дар ибтидо пеши роҳи рушдро гирифтанд.
Бо вуҷуди чунин вазъияти буҳронӣ ва мушкилоти фарогир, мардуми тоҷик бо пайравӣ аз суннатҳои созандагии ниёгони хеш ва бо иродаи шикастнопазир баҳри эҳёи дубора ва навсозии ватани аҷдодӣ камари ҳиммат бастанд. Дар кӯтоҳтарин муддат ин миллати заҳматкаш тавонист харобазорҳоро ба маъвои сабзу хуррам ва бӯстонҳои ҳамешабаҳор мубаддал созад. Имрӯз симои нави шаҳру рустоҳо, бунёди боғҳои муҷалло, роҳҳои ҳамвору гулгаштҳои зебо, ҳамагӣ аз фаъолияти фидокорона ва рӯҳияи созандагии сокинони ин сарзамин гувоҳӣ медиҳанд.
Бинобар ин, дар натиҷаи заҳматҳои пайваста ва талошҳои созандаи мардуми шарифу Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари азизи мо рӯ ба ободиву шукуфоӣ оварда, низоми давлатдории тоҷикон дар масири мардумсолорӣ, адолатпарварӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои баробари сокинон бо боварии комил пеш меравад.
Бояд таъкид намуд, ки ҳар як фарди миллат вазифадор аст, то он ҳама сахтиву монеаҳои сангинеро, ки дар ҷодаи эҳё ва зебосозии ватан паси сар шудаанд, ҳамеша дар хотир дошта бошад ва фирефтаи андешаҳои пучу гумроҳкунандаи ашхоси бесаводу кӯтоҳандеш нагардад. Зеро дар шароити кунунии олам равандҳо ва падидаҳои мухталифе зуҳур ёфтаанд, ки на фақат ба як шахс, миллат ё кишвари алоҳида, балки ба амнияти тамоми башарият ва сокинони сайёра хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Яке аз ин зуҳуроти зишту номатлуб, ки аллакай хусусияти фароминтақавӣ ва байналмилалиро касб намуда, дар нуқтаҳои гуногуни олам реша давонда истодааст, терроризм ва экстремизм мебошад. Ин таҳдидҳо ҳамчун хатарноктарин омилҳои нобудсоз барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар имрӯзу оянда боқӣ хоҳанд монд, зеро онҳо бо истифода аз дастовардҳои навтарини технологӣ ва таҳти ниқобҳои гуногун ба зудӣ дар байни ҷомеаҳои мухталиф нуфуз мекунанд.
Терроризму экстремизм, дарвоқеъ, ҳуҷум ба тамаддуни башарӣ буда, ҷонибдорони он тамоми арзишҳои муқаддаси инсонӣ, миллӣ ва эътиқодиро поймол мекунанд. Онҳо барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз зӯроварӣ, эҷоди тарсу ҳарос дар байни одамон ва нест кардани мероси таърихиву фарҳангии миллатҳо рӯй наметобанд. Сабабҳои аслии зуҳур ва густариши ин падидаҳои номатлуб пеш аз ҳама ба сатҳи пасти некуаҳволии мардум, адами маърифати ҳуқуқӣ, заъфи худшиносӣ ва тарбияи нокифояи насли ҷавон рабт дорад, ки боиси ҷалби онҳо ба ин ҳаракатҳои ифротӣ мегардад.
Бинобар ин, миллати сарбаланди тоҷик ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар канори дигар давлатҳои сулҳхоҳи ҷаҳон бар зидди ин ҷараёнҳои хатарнок муборизаи оштинопазир бурда, ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин гуна зуҳуроти номатлуб тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ медиҳанд.
Ятимова Муқадамбону,
Мутахассиси шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

