Суҳбату вохӯрӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират идома дорад.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯрӣ бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани муҳоҷирони ба Ватан бозгашта, ба забономӯзӣ ва касбомӯзи ҷалб намудани онҳо, омодагӣ пеш аз сафар, пешгирии ҳодисаҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, одамрабоӣ ва донистани қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки омодаи сафар ба кишвари Россия ҳастанд ва он нафароне, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, расонида шуд, ки ҳангоми муроҷиат ба миёнаравон, агентҳои хусусӣ ва дигар шахсоне, ки хизматрасониҳоро оид ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, таъмин бо ҷойи кор, тамдиди қайд (регистратсия), гирифтани патент ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ пешниҳод менамоянд, эҳтиёткор бошанд.
Дар вақтҳои охир ҳолатҳои қаллобӣ зиёд гардидаанд, ки дар онҳо шахсони бевиҷдон худро кормандони мақомоти давлатӣ ё “шарикони расмӣ” муаррифӣ намуда, шаҳрвандонро ба иштибоҳ меандозанд, барои хизматрасониҳое, ки асоси қонунӣ надоранд, маблағ талаб мекунанд ё маълумоти нодуруст пешниҳод менамоянд.
Инчунин, тавсия дода шуд, ки иттилоотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ дастрас намоянд, аз ҷумла аз сомонаҳои расмии Сафорат, Консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва мақомотҳои салоҳиятдори Федератсияи Россия.
Дар ҳолати пайдо шудани шубҳа ё ошкор гардидани ҳолатҳои қаллобӣ, хоҳиш менамоем, ки фавран ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд, то шарҳу машварати ҳуқуқӣ дастрас шавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

