Дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббӣ Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ вохӯрии судманд бо фаъолон ва сокинон доир гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Айниддин Аслиддин, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Раҷабзода Маҳмадсаид, раиси собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳия Сафаров Ғанӣ, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Баҳордур Сафаров ва раиси Ҷамоати деҳоти Кангурт Салимзода Алихон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маърузачиён зимни баромадҳои худ қайд намуданд, ки саҳми арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳ дар давраи ҳассосу нобасомониҳои мамлакат ёдовар шуда, корнамоиҳои ин абармарди дунёи сиёсатро намунаи олии давлатдорӣ ва сулҳи бамиёномадаро намунаи олии сулҳоварӣ барои ҷаҳониён номиданд.
Фаъолони ҷамоат низ аз хизматҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ваҳдату ягонагӣ ва сулҳи деринтизор ёдовар шуда, муҳаббату самимияти хешро нисбат ба ин неъмати бебаҳо тавассути шеъру сухан иброз доштанд.
Гуфта шуд, ки имрӯз таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар низоми сиёсии ҷаҳон рӯйдоди воқеан беназир буда, барои кишварҳои зери сояи ҷангу низоъ қарордошта намуна ва мактаби омӯзиш барои ҳалли низоъҳои дохилӣ тавассути гуфтушунид ва мусолиҳа мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

