Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар Ҷамоати деҳоти Сомониён махаллаи Иқбол вохӯрии судманд бо сокинони ҷамоат, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба мавзӯъҳои пешгири содиршавии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсию-ҳуқуқӣ ва фарҳангии онҳо, ҷалби саривақтии ҷавонон барои даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаҳмонида додани моҳият ва тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи кӯдак” ва ҳамчунин оид ба муҳоҷирати бехатар, қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия, тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ карда шуд.
Кайд кардан ба маврид аст, ки чунин вохӯрии судманд дар дигар маҳалла ва ҷамоатҳо мунтазам гузаронида мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

