Тоҷикистон давлати мустақилу рӯ ба инкишоф таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад ва барои дар амал татбиқ намудани стратегияву нақшаҳои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ҳамеша талош меварзад. Баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории нашъамандӣ имрӯз аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар тамоми чораҳои заруриву саривақтӣ андешида шудаистодааст.
Имрӯз нашъамандӣ мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст, ки сабаби асосии он ба маводи нашъадор майл кардани ҷавонони зиёд мебошад. Нашъамандони ҷаҳон имрӯзҳо зиёдтар ҷавононро ба ин маводи сахттаъсир ҷалб карда, тавассути онҳо маводи нашъадорро ба тамоми ҷаҳон паҳн менамоянд ва ин масъала яке аз мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.
Миллионҳо нафар бо сабаби истеъмол намудани маводи нашъаовар азият мекашанд ва ҳазорон ҷавонон ҷони худро бохтаанд. Боиси таассуф аст, ки мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният дар асри XXI боқӣ монда, он ба эътидол овардани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсии давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида таҳдид менамояд.
Дар давоми солҳои охир нашъамандӣ ба саломатии мардуми сайёра, аз ҷумла аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ пеш оварда, дар самти пешравии фарҳангу иҷтимоъ монеа эҷод намуда истодааст. Нашъа низ чун моддаи мадҳушкунанда, бадтаъсир рӯ ба маргу табоҳиоваранда инсонро ба касодӣ, носолимӣ ва беобрӯгӣ мерасонад. Нашъаманд касест, ки аз обрӯю ҳиммати худу наздиконаш рӯй гардонда, ҳастию ҷонро низ асос надониста шахсияти худро помол мегардонад, зеро носолим мегардаду каҷрав, ки ин хусусиятҳо инсонро ба нестӣ мерасонанд.
Нашъамандӣ чун як бемории ғайриоддӣ ба тамоми узвҳои инсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, беморро маҷрӯҳ мегардонад. Имрӯзҳо теъдоди нафароне, ки ба ин кор даст мезананд, ниҳоят зиёд мебошад. Онҳо шояд бо сабабҳои дур гаштан аз ғаму дард, нуқсону камбудиҳои ҳаёт бо сабаби мувоҷеҳ шудан ба беморӣ, ё худ аз нодониву айшу роҳат ба ин амали номатлуб даст мезананд. Имрӯзҳо нафароне ҳам ҳастанд, ки бе тарсу ҳарос даст ба куштору дуздӣ мезананду хиёнат ба номусу ҷаҳолатпарастӣ мекунанд. Албатта, ин гуна шахсон бевосита истеъмолкунандагони чунин маводи зарароваранд, ки заррае аз кору кирдори кардаашон огоҳӣ надоранд, зеро маҳз истеъмоли нашъа чунин ашхосро дур аз ақлу фаросат кардааст.
Нашъамандӣ воқеан вабои аср буда, ҷомеаро заиф мегардонад ва ба сари ҳар як хонадон рӯзи сиёҳу пурмусибат меоварад. Феълан ҷавонони зиёд бекорию бекорагардиро пеша карда, ба аъмоли номатлуб амсоли нашъамандӣ зуд ҷалб мешаванд. Яке онро ба манбаи даромади пулӣ табдил дода, дигаре маҳз тариқи он ба хешу атрофиён зарар меоварад. Нашъаҷаллоб худ сирати башарӣ надорад ва то охир дарк наменамояд, ки ҷиноят содир кардаасту даромади муфт, баҳра бурдан аз пули нашъа ҳаром аст.
Бадбахтона, заноне низ ёфт мешаванд, ки ба ин амали номатлуб даст мезананд. Барои дарёфт кардан, ба истеъмол, парвариш ва фурӯши ин маводи зиёновар даст мезананд. Қадру манзалати бузурги зан, модарро, ки олиҳаи ҳусну зебоӣ ва асоси ҳастии зиндагист, бештар паст мезананд.
Хатари нашъамандӣ танҳо дар истифода кардани он аз ҷониби шахси нашъаманд, гирифтори дардҳои шадиди ҷисмонӣ шудани ӯ нест, балки дар он аст, ки одами нашъамандшуда сахт тобеи нашъа буда, агар онро истеъмол накунад, ба ҳалокат мерасад.
Пас, ҷавонон бояд якҷоя бо аҳли оила, мактаб, бо рафиқон ва ҳамсояву хешу табор бар зидди нашъамандию нашъаҷаллобӣ мубориза баранд, барои пешгирии чунин кирдорҳо ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд. Нашъамандӣ ин раҳоӣ аз бенавоӣ набуда, балки сароғози ҳамаи бадбахтиҳои инсон мебошад. Пулу моле, ки бар ивази он дастрас мешавад, муваққатӣ буда, қадру манзалати инсонро коста мегардонад.
Шоира Табарова.,
Мутахассисси шуъбаи муҳоҷирати дохилӣ ва экалогӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

