меҳнатӣ
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Назарова Сулҳия дар Ҷамоати деҳоти Ашт бо иштироки сокинон ва фаъолони ҷамоат вохӯрии иттилоотӣ баргузор намуд.
Дар вохӯрии мазкур оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳоҷирати бехатар, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, инчунин ҷиҳати ободониву созандагӣ ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда шуд.
Зимни вохӯрӣ иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода шуд. Таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд бояд дар корҳои ободонӣ, тозагии маҳал, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият саҳми арзандаи худро гузорад.
Ҳамзамон, ба иштирокчиён вобаста ба муҳоҷирати бехатар тавсия дода шуд, ки пеш аз сафар аз роҳҳои қонунии муҳоҷират истифода намуда, ҳуҷҷатҳои худро пурра омода созанд, забон ва касбу ҳунари заруриро омӯзанд ва қонунгузории кишвари қабулкунандаро қатъиян риоя намоянд. Инчунин оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ тавсияҳои муфид ироа гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

