Хотиррасон менамоям, ки тибқи барқияномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июли соли 2026, 17.1-17.7/423 ва Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб доир ба омодагиҳо барои сазовор ҷашн гирифтани 35-солаги Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ ва семинарҳо ба роҳ монда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки давоми ҳафтаи сипаригардида, дар деҳаи Ҳушёрии Ҷамоати деҳоти Варзоб – Қалъа ва деҳаи Сайёди Ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб бо сокинони ноҳия ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ доир ба омодагӣ ва сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва семинарҳо баргузор гардид, ки дар рафти он муовини раиси ноҳия Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Қосимзода Маҳтоб Пир, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Зокиров Насрулло, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Олимзода Орифҷон Олим ва дигар аъзои гурӯҳи кории ноҳиявӣ иштирок ва баромад намуданд.
Илова бар ин, зикр менамоем, ки дар ин гуруҳҳои коррӣ раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳо ширкат варзиданд.
Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ва семинарҳо баромадкунандагон доир ба самти “Истиқлолият – рамзи соҳибдавлатӣ” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, иброз доштанд, кӣ: – дар ҳақиқат, истиқлолият рамзи шарафу ифтихор, бақои давлат ва ҳувияти миллӣ мебошад. Истиқлолият танҳо рамзи озодӣ нест, балки он ҳифзи ҳувият, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллии мост. Бо шарофати истиқлол миллати тоҷик тавонист таъриху фарҳанги худро аз нав эҳё намояд, забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт, рамзҳои миллӣ қабул шуданд ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардид. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ин неъмати бебаҳо – Истиқлолияти давлатиро ҳифз намояд, зеро он рукни бақои давлат ва пойдории миллат мебошад. Имрӯз ҷавонон ҳамчун давомдиҳандаи роҳи озодӣ бояд дар ҳифзи истиқлол ва таҳкими давлатдорӣ нақши асосӣ бозанд; – дар ин роҳ ҷонфидоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихӣ буда, барои ҳар як тоҷик ҳамчун сабақи ибрат боқӣ мемонад. Имрӯз Тоҷикистон зери парчами истиқлол бо қадамҳои устувор ба пеш меравад ва ояндаи дурахшонро пешвоз мегирад; – имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 35-умин солгарди ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлоли давлатиро дар фазои сулҳу оромӣ бо шукургузорӣ аз ин неъмати бебаҳо таҷлил менамоянд. 35-соли соҳибистиқлолӣ ва хусусан солҳои нахустини он барои миллати куҳанбунёди мо давраи бисёр мушкил ва пур аз лаҳзаҳои ниҳоят сахту сангин буд. Яъне расидан ба ин рӯзи пурсаодат, ки мардуми шарифи Тоҷикистон як марҳалаи нави таърихи навинӣ худро бо амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ ҷамъбаст менамоянд, барои миллати сарбаланди тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст; – 9-уми сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди бузургу фараҳбахш ба вуқуъ пайваст. Яъне дар ин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Маҳз аз ҳамин давра сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муҳимтарин давраи ҳаёти сиёсӣ ба шакл гирифтан оғоз намуд; – ин рисолати бузург, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоем. Инчунин барои устувор намудани пояҳои Истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дошта бошем.
Ёдовар мешавем, ки дар деҳаҳои ҳудуди ноҳияи Варзоб чунин вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодааст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

