Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии сиёсати давлатӣ, идомаи корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ, гурӯҳи тарғиботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара бо сокинони маҳаллаи Шаҳрак Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ бо сокинон масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ, тарғиби ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, пешгирии ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, коррупсия, зӯроварӣ дар оила, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., дар баромади худ иброз дошт, ки бузургтарин неъмате, ки барои мо насиб гаштааст, ин истиқлолу озодӣ, суботи миллӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат ва сарҷамъии мардум Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, обрӯву нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳпарвар боло рафта истодааст ва барои пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободониро идома бахшем.
Инчунин, сардори шуъба дар баромади худ вобаста ба муҳоҷирати бехатар, риояи талаботи бехатарӣ дар истеҳсолот, танзими раванди будубоши муваққатӣ, фаъолияти меҳнатии қонунӣ, риояи талаботи санитарию гигиенӣ дар зимни фаъолияти корӣ, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, фаҳмонида додани қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони хонашин, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва дигар масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ, сухан кард.
Дар рафти вохӯрӣ сокинон андеша ва пешниҳодҳои худро иброз намуда, ба саволҳои онҳо аз ҷониби аъзои гурӯҳи тарғиботӣ ҷавобҳои муфассал ва қонеъкунанда дода шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин мулоқотҳо барои таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

