Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрӣ бо хоҷагидорони ноҳия баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ гардиданд. Ҳозирин ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия дар бораи шаҳрвандони ноҳия, ки айни замон аз кишвари Россия ба Ватан баргаштаанд, дар таъмин намудани онҳо бо вакансияҳои ҷойи кории холӣ дар ширкатҳои ватанӣ ва корхонаҳои дохили ноҳия, инчунин ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои муфид доданд.
Ҳамзамон, ба он нафароне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба кишвари Россия равонаанд, таъкид карданд, ки ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии (Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид)-и ВКД ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, аз маҳзани манъшудагон санҷида баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст.
Вохӯрӣ дар руҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

