Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом вохӯрии судманд бо фаъолон ва сокинони маҳаллаҳои Сайхун ва Хамирҷӯй, ки қисми онҳо муҳоҷирони баргаштаро ташкил медиҳад, баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр, муовини Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳр, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр – Толибова Фарзона, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр ба иштирокдорон доир ба навовариҳо дар қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳангоми ба сафар ба Федератсияи Россия сафар намудан, оид ба талаботи нави қонунгузории Федератсия Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ огоҳ бошанд. Тартиб ва мақсади воридшавӣ дар муҳлати муқаррар гардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ ба Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати минтақавии шаҳрвандони хориҷи ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои эҳтимолӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар ин қаламрави давлат доранд, пеш меояд, шинос намуда, роҳҳои ҳалли онро низ ба онҳо ба таври содда фаҳмонида дода, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, ба иштирокдорон доир ба мавзӯи муқовимат масъалаҳои бо коррупсия ва терроризму экстремизм ибрози худро баён намуда, қайд намуданд, ки коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркунанда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои манфиати худ ё шахси дигар ғайри қонуни ба даст овардани неъматҳои модди содир менамояд, инчунин таклиф ва пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр куниро коррупсия меноманд.
Инчунин, ба иштирокдорон доир ба мавзуи муқовимат бо терроризму экстремизм ибрози худро баён намуда, қайд намуданд, ки экстремизм аз калимаи франсузӣ «еxtermisme» ва лотинӣ «extermus» гирифта шуда, маънои аслияш ифротгароии тундравӣ фикру андешаҳо ва амалҳои аз андоза гузоштан буда, экстремист шахсиятест, ки дар фаъолият худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Экстремизм шахсро ба сӯи содир намудани ҷиноятҳои марбут терроризм мебарад.
Вобаста ба ин даъват ба амал оварда шуд, ки дар дохил ва хориҷи кишвар аз чунин гурӯҳҳо эҳтиёткориро аз даст надиҳанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ мудири бахш ба саволҳои ҳозирон ҷавобҳои қаноатбахш дода, маводҳои таблиғотӣ ва брошюраҳои роҳнамоӣ Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

