Истиқлолият барои ҳар як миллат арзиши бузург ва муқаддас ба шумор меравад. Барои халқи тоҷик, ки дорои таърихӣ куҳан ва фарҳанги ғанӣ мебошад, дар давоми солҳои Истиқлолият Тоҷикистон роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро тай намуд. Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар комёбиҳои беназир ба даст оварда шуд.
Дар баробари ин, Истиқлол дар назди миллати тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати сохибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Дар тули 35 соли Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардаҳои назаррас ноил гардид. Дар соҳаи иқтисод ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шуда, заминаҳои иқтисоди бозаргонӣ ташаккул ёфтаанд. Сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳо ба рушди инфрасохтор мусоидат намуданд. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаҳои бузург ба монанди Нерӯгоҳи барқи оби Роғун барои таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар аҳамияти муҳим дорад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон зикр намуданд: “Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзи давлатӣ – Парчам, Нишон ва Сурудди миллӣ гардид”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифи гардида, бо аксар кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Истиқлолият ба соҳаи муҳоҷират шиносномаи байналмиллалӣ, ҳуқуқи озодона сафар кардан ба хориҷи кишвар, гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ ва имкони пайдо кардани кор дар берун аз ватанро дод.
Имрӯз Тоҷикистон бо роҳбари оқилона ва сиёсати созанда ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мегузорат. Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар мояи ифтихор буда, моро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва идомаи корҳои созандагӣ водор месозад.
35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад бигузор Тоҷикистони азиз ҳамеша ободу пешрафта ва дар арсаи ҷаҳон соҳибэҳтиром бошад.
Саидов Сино,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

