• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳаллаҳои Сайхун ва Хамирҷӯйи шаҳри Конибодом

Migration Service by Migration Service
31.08.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳаллаҳои Сайхун ва Хамирҷӯйи шаҳри Конибодом
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом  вохӯрии судманд бо фаъолон ва сокинони маҳаллаҳои Сайхун ва Хамирҷӯй, ки қисми онҳо муҳоҷирони баргаштаро ташкил медиҳад, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр, муовини Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳр, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр – Толибова Фарзона, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр ба иштирокдорон доир ба навовариҳо дар қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳангоми ба сафар ба Федератсияи Россия сафар намудан, оид ба талаботи нави қонунгузории Федератсия Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ огоҳ бошанд. Тартиб ва мақсади воридшавӣ дар муҳлати муқаррар гардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводи зарурӣ ба Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷирати минтақавии шаҳрвандони хориҷи ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои эҳтимолӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар ин қаламрави давлат доранд, пеш меояд, шинос намуда, роҳҳои ҳалли онро низ ба онҳо ба таври содда фаҳмонида дода, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон, ба иштирокдорон доир ба мавзӯи муқовимат масъалаҳои бо коррупсия ва терроризму экстремизм ибрози  худро баён намуда, қайд намуданд, ки коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои  давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркунанда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои манфиати худ ё шахси дигар  ғайри қонуни ба даст овардани неъматҳои модди содир менамояд, инчунин таклиф ва пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр куниро коррупсия меноманд.

Инчунин, ба иштирокдорон доир ба мавзуи муқовимат бо терроризму экстремизм ибрози худро баён намуда, қайд намуданд, ки экстремизм аз калимаи франсузӣ «еxtermisme» ва лотинӣ «extermus» гирифта шуда, маънои аслияш ифротгароии тундравӣ фикру андешаҳо ва амалҳои аз андоза гузоштан буда, экстремист шахсиятест, ки дар фаъолият худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Экстремизм шахсро ба сӯи содир намудани  ҷиноятҳои марбут терроризм мебарад.

Вобаста ба ин даъват ба амал оварда шуд, ки дар дохил ва хориҷи кишвар аз чунин гурӯҳҳо эҳтиёткориро аз даст надиҳанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ мудири бахш ба саволҳои ҳозирон ҷавобҳои қаноатбахш дода, маводҳои таблиғотӣ ва брошюраҳои роҳнамоӣ Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Next Post

Чорабинии навбатӣ бо сокинони шаҳри Панҷакент

Next Post
Чорабинии навбатӣ бо сокинони шаҳри Панҷакент

Чорабинии навбатӣ бо сокинони шаҳри Панҷакент

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.