Масъулини МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хоруғ бо мақсади гузаронидани корҳои иттилоотрасонӣ дар миёни сокинони вилоят оид ба тағйиротҳо дар қонунгузории кишвари Россия бо кормандон ва истироҳаткунандагони МД “Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнат” (Бибифотимаи Заҳро)-и ноҳияи Ишкошим вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ ба шаҳрвандон вобаста ба тағйиротҳо дар қонунгузории кишвари Россия, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ зимни фаъолияти меҳнатӣ, фаъолият дар заминаи шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, огоҳонӣ оид ба гурӯҳҳои хатарафзо, террористиву экстремистӣ, ифротгароии динӣ ва нигоҳдории беҳдошти саломатӣ ба шаҳрвандон маълумотҳои муфид дода шуд.
Зикр гардид, ки дар талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат тағйиротҳои зиёд дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ворид гардида, шаҳрвандонро зарур аст, ки меъёрҳои муайяншударо риоя намуда, баъди ба даст овардани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, дар мақомоти салоҳиятдор оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ огоҳинома манзур намоянд.
Дар ин замина аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни фаъолияти меҳнатӣ меъёрҳои бехатарӣ дар истеҳсолотро риоя намуда, бехатарии саломатии худ ва дигар ҳамватанонро таъмин намоянд.
Ҳамзамон, ба иттилои шаҳрвандон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву эсктремистӣ, ифротгароии динӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои даҳшатафкан ва хатару омилҳои гурӯҳҳои мазкур маълумот манзур карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, аз ин гуна гурӯҳҳои мазкур канораҷӯӣ намоянд. Ҳаёти худро қурбонӣ манфиати дигарон накунанд.
Инчунин, ба сокинон оид ба бемориҳои сироятӣ, ки тавассути омилҳои гуногун ба шаҳрвандон сироят меёбанд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, даъват ба амал овард шуд, ки ваъзи беҳдошти саломатии худро хуб нигоҳ доранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

