Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 эълон гардид, яке аз рӯйдодҳои муҳимтарин дар таърихи навини миллати тоҷик аст. Ин рӯз на танҳо рамзи озодӣ ва соҳибдавлатӣ, балки оғози марҳилаи нави рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мебошад. Истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки тақдири худро мустақилона идора кунанд, арзишҳои миллиро эҳё намоянд ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр шинохта шаванд.
Истиқлолият барои ҳар миллат як арзиши муқаддас аст, зеро он озодии интихоб, худшиносӣ ва худидоракуниро таъмин мекунад. Барои Тоҷикистон, ки таърихи чандинҳазорсолаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ дорад, истиқлолият имкони эҳёи арзишҳои миллӣ ва муаррифии онҳо ба ҷаҳониёнро фароҳам овард. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон дар вазъияти душвори сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор дошт. Бо вуҷуди мушкилоти зиёд, аз қабили ҷанги шаҳрвандӣ ва бӯҳрони иқтисодӣ, мардуми тоҷик тавонистанд бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу суботро барқарор кунанд ва роҳи рушди устуворро пеш гиранд.
Истиқлолият ба Тоҷикистон имкон дод, ки сиёсати хориҷии мустақилона дошта бошад. Имрӯз Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошад. Ин созмонҳо ба Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозад ва манфиатҳои миллии худро ҳифз намояд.
Даврони истиқлолият роҳи имрӯзи ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Маҳз бо шарофати ба даст даровардани истиқлолият ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмилали муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек усуворона қадам гузоранд. Истиқлолият зиндагии ноороми мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреб ва ватани азизамонро ба як макони беназир, бемислу монанд ва макони сайёҳони хориҷӣ табдил дод. То имрӯз дар муддати 35 – соли истиқлолият, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо аз қабили илму маъориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ва ғайра ба пешравиҳои зиёд ноил гардид.
Оре, истиқлол неъмати бебаҳои зиндагист, вале он мӯъҷизае нест, ки баъди эълонаш мо даст рӯи даст, дар кунҷи хона бишинему тамоми нозу неъмати зиндагӣ болои хонамон муҳайё шавад. Ҳам пойдории истиқлол ва ҳам беҳ гардидани рӯзгорамон аз меҳнати ҳалол, муносибати пок ва дилу нияти софи ҳар як фарди ҷамъият дар сари иҷрои вазифа аён мегардад. Чунончи, агар хонанда ва донишҷӯем бояд хубу аъло таҳсил кунем, то ҳамчун донишманду закӣ ва соҳибтахассус паи ободии Ватан камари ҳиммат бандем. Ва ё агар кишоварзем, бо сад умед ба замин дона корем, то дастурхони мардум ҳамеша пурфайз бошад. Агар муҳофизи ватанем, софдилона хизмат кунем, то ҳар нафар шаҳрванди ин кишвар тавонад дар фазои орому осоишта кору зиндагӣ кунад. Агар омӯзгорем кӯшиш кунем, ки насли босаводро тарбия кунем, зеро маҳз насли босавод метавонад ободгар бошад. Агар шахси фарҳангием, дар ҳифзи фарҳанг ва баланд бардоштани донишҳои фарҳангӣ талош варзем. Агар табибем, баҳри саломатии ин миллат хизмат кунем, зеро ҷомеаи солим боигарии давлат аст ва фарди солим метавонад ҷомеаи солиму пешрафта созад.
Истиқлолият рамзи озодӣ, ваҳдат, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар фарди тоҷик бояд ин неъмати бебаҳоро бо ифтихор қадр намуда, дар ободии Ватан ва пойдории истиқлолият саҳм гузорад.
Саъдуллозода Зуҳро,
Мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

