Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ – арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш аст. Забон қисми ҷудонашавандаи мероси ғайримоддии инсон ба шумор меравад.
Вақте, ки Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 қабул гардид ва тибқи қонун забони тоҷикӣ (форсӣ) дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт, Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат вуҷуд дошт, ки сиёсати забонии ҳамаи ҷумҳуриҳои бародарӣ аз як марказ идора мешуд ва албатта қонуни забоне, ки дар Тоҷикистон қабул гардид, яке аз қонунҳои аввалин дар доираи Иттиҳоди Шуравӣ буд.
Баъди ба сари кор омадани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи декабри соли 1992 ва нисбатан ором гаштани вазъият дар Тоҷикистон ҳамоно Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайи ҳалли масъалаҳои забон гардид ва ҳамасола ҷашни Қонуни забон таҷлил мегардид, вобаста ба татбиқи Қонуни забон чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал пиёда мегардид. Ба вазъи номусоид ва идомаи ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда, соли 1994 Қарори Шӯрои Олӣ “Дар бораи ҷашн гирифтани Рўзи забон” ба имзо расид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як силсила қарору тадбирҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар кардани вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва татбиқи марҳила ба марҳилаи Қонуни забони тоҷикӣ дар Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди қонун ва таҳияи қонуни нави забон комиссияи махсус таъсис дод, ки муддати солҳои 2007—2008 матни қонуни нави забонро бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
5-уми октябри соли 2009 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ” қабул гардид. Дар қонуни нав масъалаҳое, ки дар қонуни қаблии забон набуд, ҷойгоҳи худро пайдо кард.
Дар давраи Истиқлоли давлатӣ бо дастгириву ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат вазъи истеъмол ва нуфузи забони тоҷикӣ ҳамчун забони меъёрӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло рафт. Зери чунин таваҷҷуҳҳои пайваста имрӯз забони мо пояҳои мустаҳқами инкишофро соҳиб аст, ки метавонад дар даҳсолаҳои оянда низ ба сифати як ҷузъи калидии устувории давлату миллат боз ҳам таҳким ёбад. Дар ин роҳ ва расидан ба дигар ормонҳои миллӣ, ки яке аз онҳо ба рушди забони модарии мо алоқамандии бевосита дорад, моро мебояд ҳамеша дар пайи беҳдошт, тозагӣ ва риояи меъёрҳои истеъмолии забон бошем. Танҳо дар ин сурат метавонем забонамонро ҳамчун забони рақобатпазир ва тавонманд ба наслҳои оянда мерос гузорем.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон омили муҳимтарини муттаҳидкунандаи миллат буд. Ва мо ифтихор дорем, ки забони ноби модарии мо ин рисолати таърихӣ ва нақши тақдирсози худро дар замони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ низ иҷро карда истодааст.
Аз ин рӯ, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо – соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки онро омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем.
Раҳматуллозода Фароғат,
Сармутахассиси бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират
