Санаи 5 октябри соли 2026 ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ин унвон дар Хадамоти муҳоҷират ҷамъомади идона баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати забони давлатӣ, таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ, тарғиби фарҳанги волои забондонӣ, баррасии масъалаҳои мубрами забоншиносии тоҷик ва муайян намудани роҳҳои муассири ҳифзу рушди забони давлатӣ доир карда шуд.
Дар оғоз Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо аҳли нишастро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллӣ ва омили ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошад, табрику таҳният гуфт.
Дақиқ аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар мавридии устувор гардидани мақому ҷойгоҳи забон дар ҷомеаи имрӯза ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии он корҳои бузургу созанда иҷро шудаанд. Ин ҳама бо ташаббус ва роҳбариву роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омаданд.
Пешвои миллат иброз намуданд, ки истифодаи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет низ аз олимону мутахассисони соҳа талаб мекунад, ки навигариҳои илмиву соҳавиро, бо назардошти арзишҳои миллию фарҳангии мардуми тоҷик ба хотираи он ворид намоянд.
“Хотирнишон менамоям, ки забони гуфториву навиштории тоҷикӣ имрӯз ҳамчун падидаи муҳимми шуури миллӣ яке аз омилҳои таҳкимбахши худогоҳиву худшиносии насли наврас ва ҷавонон ба шумор меравад.
Бинобар ин, мо бояд мақоми иҷтимоӣ, зарурати дар сатҳи аъло донистани забон ва эҳтирому бузургдошти забони модариамонро дар байни кӯдакон ва наврасону ҷавонон ҳанӯз аз зинаҳои аввали таълиму тарбия ҳарчи бештар тарғиб намоем”, – таъкид намуданд Президенти мамлакат.
Забони давлатӣ дар ҳама давру замонҳо забони давлатдорӣ буда, яке аз падидаҳои тамаддунофари даврони истиқлол низ маҳсуб ёфта, ҳамчун як рукни асосии давлатдорӣ дар пойдории давлату миллати бузурги куҳанбунёд нақши муҳим мебозад.
Вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.
Гузаштагони мо ба хотири донистани забон ва арҷ гузоштан ба он, бо ашъори хеш оламро такон доданд. Имрӯз аҳли фарҳанги ҷаҳон, ки мехоҳанд аз забон ва адабиёти мо сухан бигӯянд, ба гузаштаи мо назар мекунанд ва аз ашъори классикони мо огоҳ мешаванд. Имрӯз дар қатори дигар муқаддасот, бояд забонро чун яке аз нишонаҳои асосии ҳастии миллат эҳтиром намоем ва ба он арҷ гузорем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2010 таъкид доштанд: “Умри миллат ба умри забон вобаста аст”, – афзуд Нодирзода И.
Дар идома, чанд нафар аз фаъолони Хадамоти муҳоҷират дар назди иштирокдорон аз эҷодиёт ва хотираҳои адибони ҷаҳонӣ оид ба бузургии забони тоҷикӣ гуфтору таъкид ва шеърҳо қироат намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

