Тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ дар Раёсати Хадамоти муњољират дар шањри Душанбе бахшида ба 35 – солагии таъсисёбии Иттифоќи љавонони Тољикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони раёсат, инчунин мудири бахши тарбияи ватандӯстии Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шаҳри Душанбе Аскарзода Аслам иштирок ва баромад намуданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсати Хадамоти муњољират дар шањри Душанбе Файзализода Сафаралї баромад намуда, иброз дошт, ки Раёсати Хадамоти муњољират аз њамкорињои мутаќобилан судманд дар самти татбиќи сиёсати давлатии љавонон, баланд бардоштани њисси ватандўстї ва худшиносии миллї, инчунин љалб намудани љавонон ба корњои љамъиятиву созандагї изњори сипос менамояд.
Таъкид гардид, ки имрӯз мо дар фазои тантанавї 35-солагии таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Ин сана барои ҳар як ҷавони кишвар ва дар маҷмӯъ барои ҷомеаи Тоҷикистон аҳамияти хос дошта, ифодагари роҳи тайкардаи ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои таълиму тарбия, рушди қобилиятҳо, иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва татбиқи ташаббусҳои ҷавонон шароити мусоид фароҳам овардааст.
Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, “Ҷавонон қувваи бузурги созанда ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд”. Дар ҳақиқат, ҷавонони имрӯза бояд бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд. Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногун — хизмати давлатӣ, маориф, илм, фарҳанг, варзиш, иқтисод, технологияҳои муосир ва дигар самтҳо — фаъолона иштирок намуда, бо меҳнати содиқона барои ободии Ватан саҳм мегузоранд. Дар шароити имрӯза аз ҳар як ҷавон донишу малакаи баланд, ҷаҳонбинии васеъ, эҳсоси масъулият ва омодагӣ ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ талаб карда мешавад, – афзуд Файзализода С.
Дар навбати худ, Аскарзода Аслам қайд карданд, ки љавононро зарур аст, ки аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати кишвар самаранок истифода намуда, барои соҳиб шудан ба донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои зарурӣ талош намоянд.
Таъкид гардид, ки 35-солагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо як санаи таърихӣ, балки фурсати муносиб барои арзёбии фаъолияти солҳои гузашта, ҳифзи дастовардҳо ва муайян намудани ҳадафҳои нави ҷавонон дар роҳи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ маросими қадрдонӣ бо тақдими Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

