Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4, №40 ва №66-и Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт, бо иштироки омӯзгорон ва волидони хонандагон вохӯрии иттилоотӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ корманди бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Норбоев Дамир, мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Мамадҷонова Ойсара ва муовини сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Ашт Хайрулоев Фаридун иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими рӯз маълумот пешниҳод карданд.
Дар рафти вохӯрӣ ба иштирокчиён доир ба роҳҳои таъмини муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, мубориза бар зидди савдои одамон ва коррупсия маълумоти муфид дода шуд.
Инчунин, масъалаҳои омодагӣ ба фасли зимистон ва имкониятҳои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон баррасӣ гардида, аҳаммияти баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз ин масъалаҳо таъкид карда шуд.
Таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва огоҳ намудани аҳолӣ аз хатарҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз масъалаҳои муҳими рӯз ба шумор мераванд.
Ҳамзамон, оид ба имкониятҳои мавҷудаи шуғли аҳолӣ ва зарурати омодагии ҳамаҷониба ба фасли зимистон маълумот пешниҳод карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

