• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯриҳои судманд бо сокинони ноҳияи Ашт

Migration Service by Migration Service
17.11.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯриҳои судманд бо сокинони ноҳияи Ашт
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва огоҳ намудани онҳо аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонунҳои кишварҳои қабулкунанда бо сокинони  ноҳияи Ашт вохӯриҳои судманд баргузор гардид.

Дар вохӯриҳо мутахассиси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Норбоев Дамир дар якҷоягӣ бо мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия Мамадҷонова Ойсар, муовини сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Ашт Хайрулоев Фаридун ва мудири бахши ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Мавлонов Муслим иштирок намуда, доир ба масъалаҳои мубрами рӯз бо ҳозирин суҳбату мулоқот анҷом доданд.

 Зимни вохӯриҳо таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва огоҳии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, аз аҳамияти хос бархӯрдор мебошад. Зеро надонистани қонунгузорӣ, беэҳтиётӣ ва бовар кардан ба ваъдаҳои шахсони тасодуфӣ метавонад боиси ба мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ гардидани шаҳрвандон гардад.

Дар ин замина, намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират Норбоев Дамир ба иштирокчиён оид ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, тартиби сафар ва будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, ҳуқуқу уҳдадориҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва зарурати риояи қонунгузории давлатҳои қабулкунанда маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ҳамзамон, вобаста ба тағйиру иловаҳо ва талаботи қонунҳои нави кишварҳои қабулкунанда сухан рафта, таъкид карда шуд, ки шаҳрвандон пеш аз сафар бояд аз қоидаҳои будубош, фаъолияти меҳнатӣ, бақайдгирӣ ва дигар талаботи ҳуқуқии кишвари қабулкунанда огоҳ бошанд. Зеро риоя накардани қонунҳои амалкунанда метавонад боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти ҳуқуқӣ, ҷарима ва дигар оқибатҳои номатлуб гардад.

 Дар идомаи суҳбат масъалаи пешгирии савдои одамон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки савдои одамон яке аз ҷиноятҳои вазнини замони муосир ба ҳисоб рафта, бештар шахсони осебпазир, аз ҷумла занону кӯдакон ва ҷавононеро, ки бо мақсади пайдо намудани ҷойи кори муносиб ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, мавриди ҳадафи гурӯҳҳои ҷиноятпеша қарор медиҳад.

Ба иштирокчиён фаҳмонида шуд, ки ҳангоми ҷустуҷӯи ҷойи кор дар дохил ва хориҷи кишвар аз хизматрасониҳои шахсони миёнарави ношинос истифода набурда, пеш аз қабули пешниҳодҳои корӣ дурустии маълумот, шартномаи меҳнатӣ ва қонунӣ будани фаъолияти корфарморо санҷанд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо ҳолатҳои шубҳанок ё пешниҳодҳои фиребанда бояд сари вақт ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд.

 Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Мамадҷонова Ойсар дар баромади худ оид ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ, имкониятҳои мавҷудаи бозори меҳнат, касбомӯзӣ ва интихоби дурусти касбу ҳунар маълумот дод. Қайд гардид, ки ҷавонон бояд барои соҳиб шудан ба касбу ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат талош намуда, аз имкониятҳои мавҷудаи касбомӯзӣ ва шуғли расмӣ самаранок истифода баранд.

Ҳамчунин, ба масъалаи пешгирии бекорӣ дар байни ҷавонон, баланд бардоштани малакаҳои касбӣ ва ҷалби онҳо ба фаъолияти меҳнатии муфид таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Зеро доштани касбу ҳунар ва малакаҳои зарурӣ барои таъмини зиндагии шоиста, мустақилияти иқтисодӣ ва пешрафти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад.

  Дар идомаи вохӯрӣ муовини сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Ашт Хайрулоев Фаридун оид ба масъалаҳои пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар фасли зимистон, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ҳангоми сардиҳои зимистон суханронӣ намуд.

 Зимни баромад ба масъалаҳои дуруст истифода бурдани асбобҳои гармидиҳӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи таҷҳизоти барқӣ ва газӣ, пешгирии сар задани сӯхтор, инчунин эҳтиёткорӣ ҳангоми боридани барфу борон ва яхбандӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки ҳар як шаҳрванд бояд барои ҳифзи саломатӣ ва амнияти худу наздиконаш масъулияти ҷиддӣ эҳсос намояд.

 Мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мавлонов Муслим дар баромади худ оид ба нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар андешаронӣ намуд.

Зикр гардид, ки ҷавонон неруи созанда ва ояндаи давлату миллат ба ҳисоб рафта, бояд бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида барои донишандӯзӣ, азхуд намудани касбу ҳунар ва саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан кӯшиш намоянд. Ҳамзамон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз ҷумлаи масъалаҳое арзёбӣ гардиданд, ки таваҷҷуҳи доимии ҷавонон, падару модарон ва омӯзгоронро тақозо менамоянд.  

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Рӯзи Президент — рӯзи эҳтиром ба давлатдорӣ ва ифтихори миллӣ

Next Post

Корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ бо сокинони шаҳри Панҷакент

Next Post
Корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ бо сокинони шаҳри Панҷакент

Корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ бо сокинони шаҳри Панҷакент

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.