16 ноябри соли 2026 дар Хадамоти муҳоҷират бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, пойдории истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардида, дар он муовини Вазири меҳнат, муоҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангинмурод, роҳбарияту кормандони Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” иштирок намуданд.
Нахуст, ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, иштирокдорон онро бо эҳтироми хосса ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ сароиданд. Сипас, ҳозирин навори пурмуҳтаво ва ҷолиберо тамошо карданд, ки дар он лаҳзаҳои муҳимми кору фаъолияти созанда, ташаббусҳои наҷиб ва хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол инъикос ёфта буданд.
Таъкид гардид, ки аз рӯзи ба даст гирифтани ихтиёри давлатдорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути хизматҳои фидокоронаи худ баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон камар баста, дар баробари хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд ва заминаи сулҳи миллиро матраҳ карда, гурезаҳову муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд ва дар эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон заминаи устувор гузоштанд.
Сипас, Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки таҷлили ин санаи муҳимми миллӣ имконияти муносибест барои арҷгузорӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва омӯзиши марҳилаҳои муҳимми ташаккул ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол. Ҳамчунин, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва таҳкими нуфузу эътибори байналмилалии кишвар муҳим арзёбӣ гардид.
Дар ин замина таъкид гардид, ки мардуми Тоҷикистон саҳми Пешвои миллатро дар раванди расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезагони тоҷик ба Ватан, барқарорсозии сохторҳои давлатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар муҳим арзёбӣ менамоянд. Ҳамзамон, ба талошҳои Сарвари давлат ҷиҳати сафарбар намудани имконияту захираҳои мавҷуда барои ободонии мамлакат, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим, бахусус илму маориф, ишора карда шуд.
Дар идомаи ҳамоиш чанд нафар аз кормандони Хадамоти муҳоҷират баромад намуда, доир ба аҳаммияти ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва саҳми ҳар як шаҳрванди кишвар дар ободонии Ватан андешаҳои худро баён намуданд. Инчунин, нақши Пешвои миллат дар раванди сулҳофаринӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, барқарорсозии сохторҳои давлатдорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Чорабинӣ дар фазои самимият ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баргузор гардида, бори дигар аҳаммияти тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандонро дар ҳаёти ҷомеа таъкид намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
