Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигар таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд ва дар ин робита чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмӯаи пешгирӣ, ошкор, рафъ ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро амалӣ менамояд.
Бо мақсади идомаи фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазир бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи давлатӣ аз 1 уми июни соли 2021 “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021‐2025” ва Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи мазкур таҳия ва тасдиқ карда шудааст.
Таъмини иҷрои талаботи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021‐2025” дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби экстремистиву террористӣ, бахусус ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани пайравони он, таъмини амнияти давлат, тафтишу таҳқиқ ва пешбурди чорабиниҳои маҷмӯии оперативӣҷустуҷӯӣ ба зиммаи ҳамаи субъектони бо экстремизм ва терроризм муборизабаранда ва дар он иштироккунанда вогузор карда шудааст.
Тибқи қонунгузорӣ субъектони бевосита бо экстремизм ва терроризм муборизабаранда инҳо мақомоти Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва ғайра мебошанд.
Вазифаҳои субъектони бевосита бар зидди экстремизм ва терроризм муборизабаранда ва иштироккунанда дар қонунгузориҳои зикршуда ба таври мушаххас муайян шудааст.
Бояд зикр кард, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз соли 2006 инҷониб бо пешниҳодҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Суди Олӣ фаъолияти 25 ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Аъзо ва пайравони ташкилоти ифротӣ то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором созанд.
Аксар сокинони ҷумҳурӣ дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ иштироккунанда собиқ муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба ин давлатҳо рафтаанд.
Зеро муҳоҷирони меҳнатӣ чун қоида аз рӯи синну сол ҷавон буда, оид ба арзишҳои умумибашарии дини мубини Ислом маълумоти кофӣ надоранд ва маҳз ҳамин ҳолат боиси фирефта шудан ва ба доми созмонҳои террористӣ афтодани онҳо шудааст.
Яке аз омилҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии динӣ дар дохили кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад.
Одилов Камолиддин,
мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич