Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод вохӯрии судмандро бо сокинони касбу кори гуногун дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №50 ва 10 –и ноҳия баргузор намуданд.
Дар мулоқот баромадкунандагон оиди дуруст ва самаранок истифода бурдани қувваи барқ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, оид ба беҳтар намудани шароити фарзандон барои китобхонӣ ҷалб намудан дар хонавода, бо назардошти боздид аз шароити фароҳам овардашуда ба фарзандон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, пардохти саривақтии маблағҳои хизматрасонии коммуналӣ, махсусан маблағҳои истифодаи қувваи барқ, об, партов ва замин, оид ба вазъи ноустувори сиёсии ҷаҳон, афзун гардидани хатару таҳдид ба амнияти саросари кишвар, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию терористӣ, шуғли пурмаҳсул, муҳоҷирати бехатар, тарбияи ахлоқии насли наврас ва ҷавон, таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, баргузории маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ дар доираи меъёрҳои қонун, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар масъалаҳои муҳимро таъкид намуданд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Басонат Азизова ба ҳозирин оид ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, тартиби ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муҳоҷир тибқи талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳои дахлдори танзимкунандаи будубоши қонунӣ, дури ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстремисти, ифротгарову хуруфотпараст ва оиди бемориҳои вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Инчунин, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардид ва вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба сокинон варақаҳои иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
