9 ноябри соли 2026 дар МД “Марказҳои машварати ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе бо мақсади мусоидат ба таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои кории муносиб дар хориҷи кишвар, мусоҳиба бо довталабон ҷиҳати қабули онҳо ба кор ба ҳайси ронандаи мошинҳои боркаши калонҳаҷм (категорияи C+E) барои фаъолият дар кишвари Лаҳистон (Польша) баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур як қатор шаҳрвандони хоҳишманд иштирок намуда, аз ҷониби намояндагони корфармоён вобаста ба талаботи ҷойҳои кории пешниҳодшуда, шарту шароити фаъолияти меҳнатӣ ва талаботи касбӣ суҳбату мусоҳиба анҷом дода шуд.
Зимни мусоҳиба ба масъалаҳои дорои шаҳодатномаи ронандагии категорияи C+E, таҷрибаи корӣ, малакаи касбӣ ва омодагии довталабон барои фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Баргузории чунин мусоҳибаҳо яке аз тадбирҳои муҳим дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои нави ҷойи корӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳисоб меравад.
Таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои кории муносиб ва мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳаи шуғли аҳолӣ маҳсуб меёбад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
