Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо шаҳрвандон вохӯрии иттилоотӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ шаҳрвандоне, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар доранд, инчунин муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Ватан баргаштаанд, иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ ба шаҳрвандоне, ки азми сафар ба Федератсияи Россия доранд, тавсия дода шуд, ки пеш аз сафар ҳатман шиносномаи худро тавассути сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии муассисаи федералии воҳиди давлатии “Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПВС), ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират фаъолият мекунад, аз рӯйхати шахсони дорои маҳдудияти вуруд санҷанд. Таъкид гардид, ки бо назардошти пурзӯр гардидани назорат дар гузаргоҳҳои сарҳадии Федератсияи Россия, анҷом додани чунин санҷиш барои пешгирии мушкилоти эҳтимолӣ ҳангоми сафар аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, бо муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта оид ба имкониятҳои бо ҷойи кори муносиб таъмин шудан дар корхонаю ташкилотҳои ватанӣ, инчунин ҷалб гардидан ба курсҳои касбомӯзӣ ва забономӯзии муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат баргузор гардида, маълумоту тавсияҳои зарурӣ пешниҳод карда шуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба шаҳрвандон хотиррасон карда шуд, ки дар назди Хадамоти муҳоҷират хати оҷилӣ (Call Center) фаъолият менамояд ва онҳо метавонанд барои гирифтани маълумот ва машварат бо рақами 900 800 800 дар тамос шаванд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
