Бо ибтикори МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”- и Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, аз ҷониби кормандони масъули марказ бо шаҳрвандоне, ки курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши забони русиро хатм намуданд ва азми сафари кишвари Россия доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, аз ҷумла тағйиру иловаҳои нав дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия, қоидаҳои будубош дар ин кишвар, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ баррасӣ гардиданд.
Аз ҷумла, бо мақсади огоҳ намудани шаҳрвандон, ки дар ҳудуди Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷитрат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз ҷониби Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Қонуни федералӣ аз 26 июли соли 2026 №241-ФЗ “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни федералӣ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия” ба имзо расонида шуд, ки он талаботи иловагиро нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, муқаррар менамояд.
Мутобиқи муқаррароти қонуни мазкур: Мақомоти андоз уҳдадор мешаванд, ки ба таври автоматӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ маълумотро оид ба ҳаҷми даромади шаҳрванди хориҷии фаъолиятдошта дар давраҳои се, шаш, нӯҳ ва дувоздаҳ моҳи соли тақвимӣ ирсол намоянд; Шаҳрвандони хориҷӣ уҳдадор мегарданд, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ маълумотнома дар бораи даромад, нусхаи эъломияи андоз ё ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андоз аз даромади шахсони воқеиро пешниҳод намоянд; Рӯйхати асосҳо барои бекор намудани иҷозати иқомати муваққатӣ (РВП) ва иҷозати иқомати доимӣ (ВНЖ) васеъ гардонида мешавад; Кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ танҳо дар давраи амал намудани иҷозати кории падару модари худ метавонанд дар ҳудуди Россия қарор дошта бошанд, инчунин шарти ҳатмӣ пардохти пешпардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ) аз ҷониби муҳоҷир барои худ ва барои ҳар як кӯдак мебошад; Пас аз расидан ба синни 18-солагӣ, фарзандони муҳоҷирон уҳдадор мешаванд, ки дар муҳлати 30 рӯз қаламрави Федератсияи Россияро тарк намоянд ё дар ҳамин муҳлат барои гирифтани патент ариза пешниҳод кунанд.
Ҳамзамон иттилоъ дода мешавад, ки дар маҷмӯъ қонуни мазкур аз 1 январи соли 2027 мавриди амал қарор мегирад, ба истиснои баъзе муқаррароти алоҳида, ки муҳлатҳои дигари мавриди амал қарор гирифтани онҳо пешбинӣ гардидааст.
Дар ин замина, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”- и Хадамоти муҳоҷират аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона даъват ба амал меорад, ки ба риояи қатъии талаботи қонунгузории амалкунанда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ҳуҷҷатҳои заруриро сари вақт омода ва пешниҳод намоянд, то ки аз пеш омадани мушкилоти ҳуқуқӣ ва маҳдудиятҳо дар фаъолияти меҳнатӣ пешгирӣ карда шавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
