Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, дар маҷлисгоҳи Раёсати Агентии меҳнат, ва шуғли аҳолии шаҳр бо иштироки ҳунармандон, касбомӯзон ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрии иттилоотию маърифатӣ баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент оид ба аҳамияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи талаботи қонунгузории соҳаи муҳоҷират ва меҳнат, инчунин зарурияти омодагии дуруст пеш аз сафар ба хориҷи кишвар, рушди касбомӯзӣ, таъмини шуғли муносиб байни муҳоҷирони бозпасгардида, занҳои хонашин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва пешгирӣ аз ҳаргуна омилҳои номатлуб, савдои одамон пешгирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ дошта, шомилшавии шаҳрвандон муҳоҷирони меҳнатӣ ба экстремизм ва терроризм, пешгирии зӯроварӣ дар оила, нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, ҷинояткорӣ баҳри иштирокчиён фаҳмонид.
Ҳамзамон, зикр карда шуд, ки аз худ намудани касбу ҳунарҳои гуногун ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки малакаҳои касбии худро такмил дода, дар бозори меҳнат рақобатпазир бошанд ва барои таъмини зиндагии шоистаи оилаҳои худ саҳм гузоранд.
Дар идомаи чорабинӣ ба масъалаҳои дастгирии иҷтимоии оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тарбияи дурусти фарзандон, истифодаи мақсадноки маблағҳои интиқолёфта, таҳкими муносибатҳои оилавӣ ва пешгирии мушкилоти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Илова бар ин, иштирокчиён ба риояи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати санитарӣ, ҳифзи саломатии шахсӣ ва ҷамъиятӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва истифодаи маълумоти боэътимод даъват карда шуданд.
Зикр гардид, ки нигоҳубини саломатӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва ташаккули одатҳои солим барои таъмини фаъолияти самараноки меҳнатӣ ва зиндагии шоиста аҳамияти муҳим доранд.
Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён доир ба масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуда, вобаста ба имкониятҳои касбомӯзӣ, рушди ҳунармандӣ, пайдо кардани ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию иҷтимоӣ андешаҳои худро баён карданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ масъулин изҳор намуданд, ки баргузории чунин вохӯриҳои иттилоотию маърифатӣ минбаъд низ идома ёфта, барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон, рушди касбу ҳунар, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва таҳкими некӯаҳволии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат хоҳад кард.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

