Коррупсия имрӯз ба яке аз мушкилиҳои ҷиддии ҷаҳони муосир табдил ёфта ба рушди давлатҳо, пешрафти иқтисодиёт, нигоҳ доштани адолати иҷтимоӣ ва боварии мардумро ба давлатдорӣ таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад.
Коррупсия имрӯз дар ҳамаи мамлакатҳои дунё (бо истиснои давлатҳои на он қадар зиёд), новобаста аз сатҳи рушди иқтисодӣ, шакли давлатдорӣ мушоҳида карда мешавад ва мубориза бар зидди он вазифаи ҳар як шаҳрванд ва қишри гуногуни ҷомеа мебошад. Ин падида дар мамлакати мо низ паҳн гардидааст.
Коррупсия – ин калима аз забони лотинӣ гирифта шуда маънояш харобкорб, вайронкунӣ ва суистифода мебошад, ки дар ҳақиқат ин падида ба ҳамин хел оқибатҳо оварда мерасонад. Коррупсия ин истифодаи дар мақсадҳо ва манфиатҳои шахсии худ ваколатҳои хизматӣ, имкониятҳои молиявӣ ва захираҳои моддие, ки барои дигар мақсадҳо бояд истифода мебурд мебошад. Бо гуфти дигар вақте, ки мансабдор ё дигар шахсе ки ваколатҳои дар қонун пешбинигардида дорад аз вазифаи худ барои гирифтани пора, туъфа, ки арзиши баланд дорад ва ё ин ки ягон имтиёзи ғайриқонунӣ мегирад ин аллакай амали коррупсионӣ мебошад. Шаклҳои маъмултарини коррупсия ин пора гирифтан, суистифодаи мансаб, азони худ намудани воситаҳои молиявӣ ва моддӣ, тақсимоти ғайриқонунии амвол, замин, роҳхат ба саёҳат ва ғайраҳо мебошад. Ин падида ба омилҳои гуногун такя намуда сар мезанад. Омили асосии ин падида ин паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Агар шаҳрванд ҳуқуқҳои худро ва қонунҳоро намедонад шахси нопок аз ин истифода бурда ба амалҳои коррупсионӣ, яъне таъмаҷуйи даст мезанад.
Дигар омилҳо аз қабили набудани назорати қатъӣ, шаффофият дар фаъолияти корӣ, мушкилотҳои иқтисодӣ, норасоӣ, тарбия ва ахлоқи инсонӣ, ки нафси худро ки аз таъсирҳои муҳити носолими ҷамият заҳролуд шудааст дошта наметавонад, ва иловатан ин муҳимтараш бошад ин бепарвоии ҷаъмият ва атрофиён ба қонуншиканиҳо мебошад. Мо гарчанде, ки сарватмандшавии шахсони мансабдор ё дигар шахсро бинем мегуем, ки ба фалони худо додааст ман ба диҳад гуфта мегузарем. Ҳаминро эҳсос менамоем, ки ин сарват ғайриқонунӣ ба даст омадааст лекин бепарвоем, дурусттараш бетарафем. Охир ин аз ҳақиқати ману шумо ва дигар аъзоёни ҷаъмият мебошад гуфта бонг намезанем.
Коррупсия ба тамоми самтҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳатто ба амнияти давлат хатарҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Аввалан ин ба коҳиш ёфтани боваарии мардум ба адолати иҷтимоӣ, ки ин обруи давлатро паст мезанад оварда мерасонад. Ҳангоми дидани ҳолатҳое, ки як нафарро кораш ҳал нашуд, дигаре бо роҳи додани пора корашро ҳал кард ҳисси адолат дар байни мардум заиф мегардад.
Коррупсия рушди иқтисодиро суст менамояд, вориди сармояҳои дигар давлатҳое, ки нияти ҳамкориро доранд бозмедорад, сатҳи камбизоатиро боло мебарад, соҳаҳои иҷтимоии давлат, маориф, тандурустӣ, фарҳангро халалдор месозад ва афзоиши ҷинояткорӣ мусоидат менамояд. Корупсия бо ин таъсирҳои худ дар ҷаъмият фазои нобоварӣ ва нобаробариро пайдо мекунад.
Мубориза бо коррупсия ин танҳо вазифаи мақомотҳои давлатӣ набуда балки вазифаи ҳар як шахси ватандӯст мебошад. Барои пешгирии коррупсия пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳуқуқӣ маърифати шаҳрвандон мебошад. Дар кишвар барои мубориза бар зидди коррупсия заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда як қатор қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул карда шудааст. Мақомотҳои дахлдор барои пешгирӣ ва ошкор кардани амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои мушаххасро меандешанд. Мо бо воситаҳои ахбори умум бо амалҳои коррупсионӣ, ки мақомотҳо ошкор кардаанд шинос мегардем.
Роҳҳои асосии пешгирии коррупсия:
-риояи қатъии қонунҳо;
-баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқӣ;
-таъмини шаффофият дар фаъолиятҳои корӣ дар идораҳо:
-тақвияти назорати ҷамъиятӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ҳалолкорӣ .
Мубориза бо коррупсия – ин мубориза барои адолат, шаффофият ва ояндаи давлат ва миллат аст аст. Бояд ҳар як шаҳрванд барои решакан намудани ин падидаи манфии ҷомеа корро аз худ оғоз намояд ҳиссаи худро гузорад. Муборизаро бояд аввал аз худамон сар кунем, зеро ҳамаи мо аъзои ҷомеа ҳастем таъсири падидаҳои носолим ба ҳар яки мо таъсир менамояд.
Юлдошев Ғ,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Б. Ғафуров

