• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддӣ ба шумор меравад

Migration Service by Migration Service
28.10.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддӣ ба шумор меравад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддӣ ба шумор рафта, ба амнияти башар, сулҳу суботи ҷомеа ва рушди устувори давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад. Паҳншавии ғояҳои ифротӣ, истифодаи зӯроварӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсиву мафкуравӣ аз ҷониби бархе аз ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ паёмадҳои ҷидии иҷтимоӣ, равонӣ ва маънавӣ низ ба вуҷуд меоранд.

Мубориза бо ин зуҳурот дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши шабакаҳои иҷтимоӣ аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Имрӯз иттилооти бардурӯғ, таблиғоти ғаразнок ва талқини ақидаҳои носолим метавонад дар муҳити маҷозӣ ба зудӣ паҳн шуда, ба ҷаҳонбинӣ ва рафтори баъзе афрод таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, масъалаи муқовимат ба терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, дар пешгирии он бояд дигар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, оила, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд.

Яке аз омилҳои муҳимми осебпазирии шаҳрвадон ин сатҳи нокифояи дониш ва малакаи таҳлил намудани иттилоот мебошад. Агар шахс манбаи хабарро насанҷад, далелҳоро бо маълумоти дигар муқоиса накунад ва ҳар паёми эҳсосангезро ҳамчун ҳақиқат қабул намояд, эҳтимоли осебпазирӣ ва шомилшавии ӯ ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ зиёд шуда метавонад. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба яке аз майдонҳои таъсиррасонӣ ба ҷаҳонбинии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон табдил ёфтааст. Дар ин фазо иттилооти гуногун, аз ҷумла овозаҳо, хабарҳои бардурӯғ, наворҳои таҳрифшуда ва паёмҳои эҳсосангез паҳн мешаванд. Баъзе таблиғгарон аз ин фурсат истифода бурда, афродро ба қабули ақидаҳои тундравона водор карданӣ мешаванд.

Дар чунин шароит саводи расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунанд. Ҷавонон бояд, пеш аз ҳама, манбаи иттилоотро муайян кунанд, сана ва муҳтавои хабарро бисанҷанд, далелҳоро бо сарчашмаҳои мустақил муқоиса намоянд ва пеш аз паҳн кардани маводи шубҳанок дурустии онро дида бароянд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани саводи рақамӣ ва қабули қарорҳои дуруст дар ин гуна ҳолатҳо аз ҷониби ҷавонону наврасон хеле муҳим аст. Дар баробари шабакаҳои иҷтимоӣ муҳити оила низ дар ташаккули шахсият нақши муҳим мебозад. Оила нахустин муҳити рушди ҷаҳонбинӣ ва хислати инсон аст. Муносибати самимӣ, эҳтироми ҳамдигар, гӯш кардани мушкилоти фарзанд ва дастгирии ӯ дар ҳолатҳои душвор барои эътимод ва масъулиятшиносӣ замина фароҳам меоранд. Волидайн бояд бо фарзандон дар бораи арзишҳои инсонӣ, эҳтироми қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва хатарҳои таблиғоти хушунатомез суҳбат кунанд. Дар ин раванд на тарсонидану айбдоркунӣ, балки фаҳмондадиҳӣ, саволу ҷавоб ва эътимод ба ҳамдигар натиҷаи беҳтар дода метавонад.

Аз ин рӯ, ҳар шахс бояд манбаъҳоро санҷад, аз барангехтани кинаву адоват худдорӣ кунад ва ҳаёти шахсии дигаронро эҳтиром намояд. Дар ин маврид вазифаи ВАО на танҳо расонидани хабар, балки шарҳи воқеият, фароҳам овардани фазои муколама ва баланд бардоштани саводи расонаии ҷомеа мебошад. Маводи таҳлилӣ, мусоҳибаҳои коршиносӣ ва барномаҳои маърифатӣ бояд ба саволҳои зарурӣ аз қабили чӣ гуна маълумоти бардурӯғро шинохтан мумкин аст, чӣ тавр ба таблиғоти ғаразнок муқобилият бояд кард ва дар ҳолати дучор шудан ба таҳдиди воқеӣ ба кадом ниҳод муроҷиат кардан зарур аст ҷавоб диҳанд.

Муқовимат бо терроризму экстремизм ҳамкории пайвастаи ниҳодҳои дахлдор бо шаҳрвандонро талаб мекунад. Барои Тоҷикистон, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди насли ҷавон аз масъалаҳои муҳимми ҷомеа мебошанд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву расонаӣ ва тарбияи ҷавонони худогоҳу масъулиятшинос аҳаммияти махсус дорад. Дар ин раванд ҳар як омӯзгор, волидайн, донишҷӯ, рӯзноманигор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад бо муносибати оқилона ва риояи қонун саҳми худро гузорад.

Бобоназарзода Санавбар,

Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Вохӯрии судманд бо сокинони ноҳияи Шаҳринав

Next Post

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Next Post
Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.