Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон, кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳринав вохӯрии судмандро бо шаҳрвандони бозгашта ва шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба хориҷи кишвар доранд, дар дар бозори Панҷшанбе Ҷамоати дехоти ба номи А. Ҳасанов баргузор намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия доир бо ҷойи кории холӣ таъмин намудани шаҳрвандони бозгашта дар дохили ноҳия, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ ҷалб намудани онҳо дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маслиҳатҳои муфид доданд.
Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ сокинони ноҳия таъкид карда шуданд, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати шаҳру ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.
Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда шуда, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

