• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Дар Хадамоти муҳоҷират ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба муҳоҷират баргузор гардид

Migration Service by Migration Service
19.06.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Дар Хадамоти муҳоҷират ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба муҳоҷират баргузор гардид
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Санаи 19 июни соли 2026, бо ибтикори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба муҳоҷират (ШХМ) дар заминаи Шӯрои ҷамъиятӣ таҳти раёсати Хадамоти муҳоҷират дар мавзуи “Тақвими муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва танзимшуда тавассути рушди малакаҳо, таҳкими шарики стратегӣ ва такмили сиёсати давлатӣ” баргузор гардид.

Сараввал ҷаласаро Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, кушода, ҳозиринро хайра мақдам гуфта, бо барномаи ҷаласа ошно намуд. Аз ҷумла қайд, кард, ки ҷаласаи имрӯзаи мо дар остонаи ҷашнҳои бошукӯҳи миллат – Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рост омад ва бо ин санаҳои фархунда ҳар яки шуморо сидқан табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, саодати рӯзгор ва комёбиҳои назаррас таманно дорам.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, Шӯрои ҷамъиятӣ дар асоси принсипҳои инсондӯстӣ ва меҳнатпарастӣ дар раванди ҳаллу фасли масъалаҳои гуногунсамти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалби шаҳрвандони кишвар ба забономӯзию касбу ҳунаромӯзӣ, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон ва мусоидат дар ташаккули маърифати зеҳнии шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок ва саҳми арзанда мегузорад. Ҳамзамон, чун як платформаи калидӣ барои муколамаи фарогир байни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ мусоидат намуда, ҷиҳати арзёбии вазъи кунунии муҳоҷират, табодули таҷриба, таҳияи муштараки санадҳои дахлдор бобати таҳкими ҳифзи ҳуқуқ ва некӯаҳволии муҳоҷирон мусоидат менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар баробари баррасии дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим таъкид намуданд, ки “Бо дарназардошти равандҳои муосир ҷиҳати ҳалли масъалаи гуногунсамти муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои дар ин самт мавҷуда тадбирҳои судманд андешида шаванд”.

Ин таъкиди Пешвои муаззами миллат сармашқи кори ҳар яки мо буда, дар ин самт дар доираи имконоти ҷойдошта тамоми чораҳои судманд роҳандозӣ карда мешаванд.

Зеро яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ин муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва баъди баргаштани онҳо ба Ватан таъмин кардан бо ҷойи корӣ мебошад, ки феълан омили хеле таъсирбахш ба ҳисоб меравад.

Муҳоҷирати меҳнатӣ айни замон дар дурнамои миёнамуҳлат ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири назаррас хоҳад расонд. Дар баробари дастёбӣ ба масъалаҳои истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа яке аз афзалиятҳо дар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, барои танзими равандҳои муҳоҷират як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки дар доираи онҳо қонунигардонии муҳоҷират ва дигар масъалаҳои мубрами муҳоҷирон ҳаллу фасл мегарданд. Бо назардошти вазъи имрӯза ва бо мақсади танзими масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ “Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” қабул шудааст, ки тибқи нақшаҳои миёнамуҳлати он дар самти беҳбудии вазъи муҳоҷирон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд.

Стратегия ҳуҷҷати асосӣ барои татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб рафта, таҳия ва татбиқи усулҳои мукаммал, таъсиси имкониятҳои рушди институтсионалӣ, комил намудани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои ғайридавлатию байналмилалӣ ва дигар институтҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ, инчунин мустаҳкамсозӣ ва мукаммалсозии пояи моддиву техникӣ ва потенсиали мақомоти идораи муҳоҷирати аҳолиро дар бар мегирад. Амалисозии самараноки Стратегияи мазкур имкон дод, ки шаҳрвандон аз тамоми паҳлуҳои мусбию манфии муҳоҷирати меҳнатӣ бархурдор бошанд ва масъалаи муҳими дастгирии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ва аъзои оилаи онҳо низ роҳҳои ҳалли хешро дарёбад.

Дар ин давра, дар доираи нақшаи амали Стратегияи мазкур корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Пеш аз ҳама баргузории мулоқоту вохӯриҳо, семинар-тренингҳо, конференсияву мизҳои мудаввар, корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, аксияву ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ, суҳбатҳои инфиродӣ бо аҳолӣ, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар мадди аввал қарор доранд.

Ҷаласаи мазкур бо дастгирии Агентии Швейтсария оид ба Рушд ва Ҳамкорӣ (SDC) ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) баргузор шуда, уҳдадории ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва байналмилалиро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷират тавассути кӯшишҳои ҳамоҳангшуда таъкид мекунад, – иброз намуд Нодирзода Иматшо.

Сипас, дар назди ҳозирин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Талабшо ва иҷрокунандаи Роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон Баҳром Раҳматҷонов баромад намуда, ба ҳозирин дар бораи вазъияти кунунии муҳоҷират, суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа маърузаҳо вобаста ба мавзуҳои “Маркази нави омӯзиш ва омодагии пеш аз сафар”, “Шарикӣ бо Бавария дар рушди малакаҳо ва ҷалби қувваи корӣ”, Мавҷуда Азизова, ҳамоҳангсози хатти боварӣ “Муаррифии Хатти доимоамалкунандаи муҳоҷирати бехатар”, Умед Раимдодов, мушовири СБМ “Арзёби натиҷаҳои МТМ/ВМА ва RMS”, Хадамоти муҳоҷират “Бозҳамгиронии (реинтеграция) муҳоҷирони бозгашта”, Ундра Сурен, Менеҷери минтақавии барнома “Муаррифии марҳилаи 2-и Барномаи минтақавии муҳоҷирати меҳнатӣ”, Гулнора Камолова, корманди миллӣ оид ба лоиҳа, СБМ дар Тоҷикистон, Нурулло Маҳмадуллозода, мушовири СБМ “Муаррифии Қонун дар бораи муҳоҷират”, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ “Муаррифии Нақшаи нави амал барои солҳои 2026-2030” ва “Таҳияи нақшаи мониторинг”,   шунида шуданд.

Тавре дар ҷаласаи гузашта зикр карда будем ва имрӯз боз ҳам таъкид менамоем, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9 марти соли 2024 изҳор намуданд, ки “Дар ин давра ба асари ташвиқоти густурдаи экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористии “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, сафарбар гардидани онҳо ба минтақаҳои даргир афзуда, нигаронии ҷиддии ҷомеаро ба миён овард”.

Дар робита ба ин, Хадамоти муҳоҷират бо мақсади вусъат додани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирон, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ чораҳои зарурӣ меандешад.

Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо мақомоту сохторҳои дахлдор чорабиниҳои ташвиқотию тарѓиботиро пурзӯр намуда, мунтазам дар фурудгоҳу гузаргоҳҳои сарҳадӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мулоқоту вохӯриҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбатҳои инфиродӣ баргузор менамояд. Шӯрои ҷамъиятиро зарур аст, ки ҷиҳати ба танзим даровардани раванди муҳоҷират дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва созмонҳои хориҷӣ тадбирҳои судманду саривақтиро роҳандозӣ намуда, дар ин самт корҳои назаррасро минбаъд низ ба анҷом расонад. Ҳамаи ин тадбирҳо барои расидан ба ҳадафи асосӣ – таъмин намудани муҳоҷирати бехатар ва фаъолияти меҳнатии қонунии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар равона гардидаанд. Хадамот ва сохторҳои он минбаъд низ корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшида, бо ҷалби шарикон ва ниҳодҳои дахлдор ба рушди устувори низоми муҳоҷират мусоидат хоҳанд кард.

Дар рафти ҷаласа, муайян намудани афзалиятҳо барои ташаббусҳои дарпешистода, ҳамоҳангсозии кӯшишҳои миллӣ бо ниёзҳои муҳоҷирон ва имконоти ҷонибҳои манфиатдор, тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳо байни сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ дар самти идоракунии муҳоҷират ва пешниҳоди тавсияҳои амалӣ ва муайянсозии ӯҳдадориҳои ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати дастгирии таҳияи сиёсатҳо ва барномаҳое, ки ба таври муассир ба ниёзҳои муҳоҷирон посух медиҳанд дар протоколи ҷаласа сабт гардида, рафти иҷрои онҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи Шӯро, муаррифӣ карда мешавад.

Дар чорабинӣ намояндагони тамоми сохторҳои Вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти муҳоҷират дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Суҳбату вохӯрӣ бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” идома дорад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.