• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Дар ноҳияи Варзоб муҳоҷирони бозгашта ва шаҳрвандони бешуғл ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд

Migration Service by Migration Service
23.04.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Дар ноҳияи Варзоб муҳоҷирони бозгашта ва шаҳрвандони бешуғл ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб якҷо бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷойи кории доимию мавсимӣ ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва шаҳрвандони бешуғл тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, чораҳои судманд андешида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки зимни ироаи Паёми имсола Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимият иброз доштанд, кӣ: “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд”.

Бояд тазаккур дод, ки асоси ҳаёти инсон ва пешрафти рӯзгорро касбу ҳунар ташкил менамоянд. Касбу ҳунари дар бозори меҳнати имрӯза рақобатпазир имкон медиҳад, ки мутахассис ё коргар дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намояд. Чунки на танҳо бозори меҳнати дохилӣ, балки бозори меҳнати ҷаҳонӣ ҳам талабгори мутахассиси соҳибкасб мебошад. Барои соҳибкасб гардидан ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ шуруъ аз замони аввали соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, санадҳову қонунҳои марбут ба ин соҳа қабул гардидаанд. Ҳукумати кишвар ҳамеша дар ҳама ҳолат дар назди волидон, мактаб ва ҷомеа вазифа мегузорад, ки фарзандонро аз синни хурдӣ дар руҳияи меҳнатдӯстию ватанпарварӣ тарбия намоянд, зеро асоси сулҳу субот, шукуфоӣ ва ваҳдати саросариро соҳибкасб ва ҳунарманд будан ташкил медиҳад. Касе, ки ба меҳнат машғул аст, ҳеҷ гоҳ ба роҳи бад қадам намегузорад ва ба хомандешиҳо фурсат ҳам надорад.

Ҳадафи асосии ҳар як дастуру супорише, ки дар Паём аз ҷониби Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегардад, ҳамин аст. Пас бояд дар ин самт дар паҳлуи Пешвои сулҳоварамон бошем. Ин шаҳодати он аст, ки имтиёзҳои хуби соҳибкасб гардидан на танҳо барои ҷавонон, балки барои калонсолон ва аҳолии деҳаҳою ноҳияҳои дурдасти кишвар низ созгор аст. Танҳо амал мебояду бас! Илова бар ин, дар кишвари мо бо дастуру супоришҳои бевоситаи Роҳбарияти мамлакат мунатазам ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ баргузор мегардад. Оид ба ин иқдом ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки ин яке аз тадбирҳои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин тадбир корхонаҳои зиёде ҷойҳои кории худро ба корҷӯён пешниҳод мекунанд. Тавассути ин ярмаркаҳо корҷӯён соҳиби ҷойи кори доимӣ ва муваққатӣ мегарданд. Ба қисмати бештари онҳо тавсия дода мешавад, ки дар марказҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ касбҳои заруриро омӯзанд ва малакаҳои касбии худро такмил дода, соҳиби шаҳодатномаҳои тахассусӣ гарданд. Воқеан, чихеле, ки аз паёмҳои соли охир бар меояд, дар ин самт дастгириҳо зиёд, имкониятҳо фаровон аст. Танҳо мардуми кишварро мебояд аз онҳо самаранок истифода намоянду зиндагии худро хубтару беҳтар ба роҳ монанд. Зеро, тарбия намудани насли худшиносу худогоҳ, донишманду созанда, соҳибмаълумоту соҳибкасб ва бо ин роҳ ба вуҷуд овардани заминаи боэътимод барои ҷомеаи ояндаи Тоҷикистон мебошад.

Оид ба гуфтаҳои боло ёдовар мешавем, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб якҷо бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо КВД “Маркази таълимии омӯзиши модулии шаҳри Душанбе” муҳоҷирони бозгашта ва шаҳрвандони бешуғлро ба омӯзиши ихтисосҳои “забони русӣ”, “сантехник”, “кафшергари барқӣ”, “консервакунонӣ” ва “қаннод” фарор гирифта шуда буданд, ки пас аз хатми курсҳои кутоҳмуддат бо шаҳодатномаҳои тахассусӣ таъмин гардиданд.

Зикр менамоем, ки аз шаҳрвандони ба касбомӯзӣ фаро гирифташуда, 27 нафар ба кори доимӣ, 31 нафар ба корҳои мавсимӣ ҷалб гардида ва 7 нафарашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар намуданд.

Орифҷон Олимзода,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Previous Post

Дар ноҳияи Варзоб бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералӣ вохӯрӣ доир гардид

Next Post

Идомаи суҳбату вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post
Идомаи суҳбату вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Идомаи суҳбату вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.