• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Дастовард, масъулият ва дурнамои миллӣ: 35 соли давлатдории навини тоҷикон

Migration Service by Migration Service
01.09.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Дастовард, масъулият ва дурнамои миллӣ: 35 соли давлатдории навини тоҷикон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Истиқлоли давлатиро метавон на танҳо ҳамчун санаи бузурги сиёсӣ, балки ҳамчун нуқтаи оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ арзёбӣ намуд. Сию панҷ сол барои таърихи миллат муҳлати тӯлонӣ нест, вале барои Тоҷикистони соҳибистиқлол давраи пур аз озмоиш, ҷустуҷӯ, давлатсозӣ, сулҳофаринӣ, бунёдкорӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ гардид. Соли 2026 низ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ гардидааст. Дар баробари ин, Сарвари давлат таъкид намудаанд, ки дастовардҳои кишвар, пеш аз ҳама, натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми Тоҷикистон мебошанд.

Аз ҳамин нуқтаи назар, 35-солагии Истиқлоли давлатӣ танҳо фурсати таҷлили дастовардҳои гузашта нест. Он ҳамзамон фурсати арзёбии роҳи тайшуда, дарки масъулияти насли имрӯз ва муайян намудани самтҳои рушди минбаъдаи давлат мебошад.

Истиқлол ва озмоиши нахустини давлатдорӣ. Тоҷикистон роҳи соҳибистиқлолиро дар шароити ниҳоят мураккаб оғоз намуд. Канда шудани робитаҳои иқтисодии замони Иттиҳоди Шӯравӣ, заъфи институтҳои нави давлатӣ, буҳрони шадиди сиёсӣ ва ниҳоят ҷанги шаҳрвандӣ мавҷудияти худи давлати ҷавони тоҷиконро зери хатар гузошт.

Манбаъҳои расмӣ вазъи он солҳоро ҳамчун марҳалае арзёбӣ мекунанд, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлол, халалдор шудани тамомияти арзӣ ва ба қисматҳои ҷудогона тақсим гардидани кишвар воқеӣ гардида буд. Дар чунин шароити тақдирсоз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор гардид, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақоми махсус пайдо намуд. Дар ҳамин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Аз рӯзҳои нахустини роҳбарии давлат масъалаи қатъи ҷанг, барқарор намудани сохторҳои ҳокимият, таъмини амният, бозгардонидани гурезаҳо ва расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ ба вазифаи меҳварӣ табдил ёфт. Дар ҳамин давра тадбирҳо барои ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ, таҳкими мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва барқарор намудани фаъолияти институтҳои давлатӣ оғоз гардиданд. Маҳз дар ҳамин марҳала яке аз муҳимтарин хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид: ҳифзи давлатдории миллӣ дар лаҳзае, ки бақои худи давлат масъалаи рӯз буд.

Минбаъд раванди тӯлонии музокироти сулҳ оғоз гардида, 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳалаи нав дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол фаро расид. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳамчун таҷрибаи қобили омӯзиш мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Аз ин рӯ, вақте имрӯз аз дастовардҳои 35 соли Истиқлол сухан мегӯем, бояд дар хотир дошта бошем, ки муҳимтарин дастоварди солҳои нахустин на сохтмони иншоот ва на афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, балки наҷоти давлат, таъмини сулҳ ва ҳифзи ягонагии миллат буд.

Аз ҳифзи давлат то бунёди давлати ҳуқуқбунёд. Марҳалаи дигари муҳим ташаккули асосҳои ҳуқуқии давлатдории навин гардид. 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Бо қабули он пояҳои сохтори конститутсионӣ, низоми мақомоти давлатӣ, муносибати давлат ва шаҳрванд, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва принсипҳои фаъолияти ҳокимияти давлатӣ муайян гардиданд. Дар Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян гардидааст.

Аҳаммияти ин таҳаввулотро набояд танҳо аз нуқтаи назари ҳуқуқшиносӣ арзёбӣ намуд. Барои давлате, ки чанд сол қабл институтҳои он дар натиҷаи низои дохилӣ фалаҷ гардида буданд, гузаштан ба низоми конститутсионии идоракунӣ маънои аз марҳалаи ҳифзи мавҷудияти давлат ба марҳалаи ташкили давлатдории устувор гузаштанро дошт.

Дар суханрониҳои расмии марбут ба даврони соҳибистиқлолӣ низ Конститутсия ҳамчун заминаи ҳуқуқии бунёди давлатдории муосири миллӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ арзёбӣ шудааст.

Барои мо – ҳуқуқшиносон ва хизматчиёни давлатӣ – ин дастоварди истиқлол аҳаммияти хос дорад. Зеро давлати соҳибистиқлол танҳо бо доштани сарҳад, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ комил намегардад. Моҳияти давлатдории муосир пеш аз ҳама дар волоияти қонун, фаъолияти устувори институтҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрванд таҷассум меёбад.

35 сол бо забони рақамҳо. Арзёбии роҳи тайшуда танҳо бо мафҳумҳои сиёсиву ҳуқуқӣ маҳдуд шуда наметавонад. Рақамҳо низ тағйироти сохтории ҷомеа ва иқтисоди миллиро нишон медиҳанд.

Яке аз нишондиҳандаҳои одӣ, вале хеле муҳим – афзоиши аҳолӣ мебошад. Дар оғози истиқлол аҳолии мамлакат тақрибан 5,5 миллион нафар буд. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аҳолии кишвар қариб ду баробар афзуда, Тоҷикистон ба давлате бо беш аз даҳ миллион аҳолӣ табдил ёфт. Ин афзоиш худ аз худ дар назди давлат масъулиятҳои нав мегузорад: ҳар сол садҳо ҳазор ҷавон ба синни таҳсил ва меҳнат мерасанд, талабот ба мактаб, тандурустӣ, манзил, инфрасохтор ва ҷойҳои нави корӣ зиёд мешавад. Аз ин рӯ, рушди демографӣ ҳам дастовард аст ва ҳам даъвати ҷиддӣ барои сиёсати иқтисодию иҷтимоии оянда.

Нишондиҳандаҳои саноатӣ боз ҳам ҷолибтаранд. Тибқи маълумоти Агентии омор, соли 1991 дар ҷумҳурӣ 2308 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд. Баъди буҳрони солҳои 1990 шумораи онҳо коҳиш ёфт ва соли 2005 то 1130 расид. Вале минбаъд раванди барқароршавӣ ва таъсиси иқтидорҳои нав суръат гирифт: танҳо то соли 2024 шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 3779 адад расид.

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, агар бо нархҳои муқоисавии соли 2024 ҳисоб карда шавад, аз 13,6 миллиард сомонӣ дар соли 1991 ба қариб 53,9 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расидааст. Яъне дар ифодаи муқоисавӣ ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ тақрибан чор баробар шудааст.

Ин рақам махсусан муҳим аст, зеро нишон медиҳад, ки Тоҷикистон баъди таназзули амиқи иқтисодии солҳои аввали истиқлол тавонист на танҳо иқтидорҳои аздастрафтаро барқарор кунад, балки заминаи нави саноатиро ташаккул диҳад.

Дар солҳои охир саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ муайян гардида, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ ба яке аз самтҳои калидии сиёсати иқтисодӣ табдил ёфтааст.

Дар омодагӣ ба ҷашни 35-солагӣ низ ин раванд идома дорад. Тибқи иттилои расмӣ, дар доираи корҳои омодагӣ ба ҷашн беш аз 30 ҳазор иншооти ҷашнӣ пешбинӣ ва бунёд гардида, таъсиси садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ дар назар гирифта шудааст.

Ба ҷойи хулоса. Имрӯз истиқлол барои мо дигар танҳо орзуи соҳибдавлатӣ нест, воқеияти 35-солаи таърихӣ аст. Аз ин рӯ, муносибати мо ба он низ бояд аз ифтихор фаротар равад.

Истиқлол – масъулият аст; масъулияти ҳифзи давлат; масъулияти ҳифзи сулҳу ваҳдат; масъулияти риояи қонун; масъулияти сохтани иқтисоди қавӣ.

Бинобар ин, агар 35 соли гузашта давраи бунёд ва таҳкими давлати навини тоҷикон бошад, 35 соли оянда дар зеҳни ҳар як шаҳрванд бояд давраи таҳкими сифати давлатдорӣ, рушди сармояи инсонӣ ва табдил додани имкониятҳои миллӣ ба зиндагии боз ҳам шоистаи мардум гардад. Ин аст, ба назари мо, маънои амиқи арҷгузорӣ ба Истиқлол.

Амиралӣ Раҳмонзода,

Муовини сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Истиқлоли давлатӣ – кафолати саодату хушбахтӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.