“Имрӯз гурӯҳҳои террористӣ бештар кӯшиш мекунанд, ки ҷавононро ба доми худ кашанд ва онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ истифода баранд.”
Эмомалӣ Раҳмон
Дар даҳсолаҳои охир инсоният бо таҳдидҳои наве рӯ ба рӯ шудааст, ки на танҳо ба амнияти миллӣ, балки ба суботи байналмилалӣ таъсири амиқ мерасонанд. Дар миёни ин таҳдидҳо, падидаҳои экстремизм ва терроризм мавқеи махсусро ишғол менамоянд. Хусусияти фарқкунандаи марҳилаи муосир дар он аст, ки ин падидаҳо торафт шакли муташаккилтар гирифта, бо истифода аз технологияҳои нав, бахусус интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, доираи таъсири худро густариш медиҳанд. Дар ин раванд, ҷавонон ҳамчун гурӯҳи иҷтимоии фаъол, вале осебпазир, бештар ба доми чунин “идеологияҳо” меафтанд.
Ҷавонон марҳилаи муҳимми ташаккули шахсият, ҷаҳонбинӣ ва ҳувияти иҷтимоиро аз сар мегузаронанд. Маҳз дар ҳамин давра арзишҳо, эътиқодҳо ва ҳадафҳои ҳаётии онҳо шакл мегиранд. Таҳқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки раванди радикализатсия якбора ба амал намеояд, балки он натиҷаи таъсири мураккаби омилҳои равонӣ мебошад. Аз ҷумла, эҳсоси бегонагӣ ва набудани ҳувияти миллии онҳо метавонад заминаи мусоид барои паҳншавии ғояҳои ифротӣ фароҳам оваранд. Илова бар ин, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ имконият фароҳам овардааст, ки гурӯҳҳои экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои рақамӣ ба таври мақсаднок ба ҷавонон таъсири худро мерасонанд.
Мавриди зикр аст, ки гурӯҳҳои экстремистӣ бо усулҳои равонӣ ва таблиғотии мураккаб кӯшиш мекунанд, ки шуури ҷавононро тағйир диҳанд. Онҳо мафҳумҳои муҳим, ба мисли адолат, дин, озодӣ ва ғайраро ба таври таҳрифшуда пешниҳод намуда, ҷавононро ба роҳи ифротгароӣ равона месозанд. Аз ин рӯ, омӯзиши амиқи механизмҳои ҷалб ва омилҳои таъсиррасон барои таҳияи стратегияҳои муассири пешгирӣ аз ин раванд, аҳамияти калидӣ дорад.
Дар адабиёти илмӣ экстремизм ҳамчун низоми ақидаҳо ва амалҳое муайян карда мешавад, ки арзишҳои миёнаравӣ ва гуногунандеширо рад намуда, ба истифодаи усулҳои тундравона барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва динӣ такя мекунад. Терроризм, дар навбати худ, шакли зӯроваронаи экстремизм буда, бо истифодаи тарсу ваҳм барои таъсиррасонӣ ба ҷомеа ва ниҳодҳои давлатӣ тавсиф мешавад.
Аз нигоҳи назариявӣ, якчанд равишҳое мавҷуданд, ки тавассути онҳо қисме ҷавонон ҷалб мегарданд:
Равиши равоншиносӣ: бӯҳрони ҳувият, эҳсоси бегонагӣ ва буҳрони маънавӣ;
Равиши шабакавӣ: нақши муҳити иҷтимоӣ ва шабакаҳои иртиботӣ дар раванди радикализатсия.
Таҳқиқотҳои эмпирикӣ нишон медиҳанд, ки радикализатсияи ҷавонон як раванди мураккаб ва гуногунҷабҳа буда, дар зери омилҳои зерин асос меёбад:
1. Омилҳои инфиродӣ – хусусиятҳои шахсӣ, аз ҷумла сатҳи пасти худшиносӣ, ноустувории равонӣ ва майли қабул кардани идеологияҳои экстремистӣ;
2. Омилҳои идеологӣ – таблиғи ғояҳои ифротӣ, ки аксаран бо таҳрифҳои динӣ ё сиёсӣ асоснок карда мешаванд;
3. Омилҳои технологӣ – интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки воситаи асосии паҳншавии идеологияҳои экстремистӣ табдил ёфтааст.
Механизмҳои ҷалб намудани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ:
марҳилаи аввал — ҷалби таваҷҷуҳ тавассути паёмҳои эҳсосотӣ;
марҳилаи дуюм — таъсири идеологӣ ва ташаккули эътиқод;
марҳилаи сеюм — ҷалби амалӣ ва ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳ.
Ин раванд аксаран тадриҷӣ буда, метавонад аз муоширати оддӣ дар интернет оғоз шуда, бо чунин роҳҳо ҷавонон ҷалб мешаванд, ки паёмадҳои ҷиддӣ дорад:
барои шахс: аз даст додани имкониятҳои иҷтимоӣ, таҳсил ва озодӣ;
барои ҷомеа: афзоиши ноамнӣ, заифшавии эътимод ба ниҳодҳои давлатӣ;
барои давлат: таҳдид ба суботи сиёсӣ ва рушди устувор.
Мубориза бо радикализатсияи ҷавонон бояд фарогир ва бисёрсамта бошад:
1. Маориф – тақвияти тафаккури интиқодӣ, саводноккунии иттилоотӣ ва маърифати ҳуқуқӣ;
2. Кор бо ҷавонон – барномаҳои рушди шахсӣ, дастгирии равонӣ ва ташкили муҳити солим;
3. Назорати фазои иттилоотӣ – пешгирии паҳншавии мундариҷаи ифротӣ ва рушди муқовимати иттилоотӣ.
Бо дарназардошти таҳлилҳои зикргардида, метавон хулоса намуд, ки ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ падидаи бисёрҷанба ва мураккаб мебошад, ки таҳти таъсири омилҳои зикршуда, ташаккул меёбад. Ин раванд ифодаи буҳронҳои равонӣ ва маънавии ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ, баррасии ин масъала танҳо дар доираи як равиш имконнопазир буда, зарурати истифодаи муносибати ҷиддӣ бо ин зуҳурот мебошад.
Яке аз натиҷаҳои муҳими масъала ин аст, ки пешгирии радикализатсия бояд ба бартараф намудани сабабҳои аслӣ равона гардад, ки дар ин самт нақши оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули арзишҳои миллӣ ва ҷаҳонбинии ҷавонон хеле муҳим мебошад. Зеро дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ, зарурати таҳкими амнияти иттилоотӣ ва назорати мундариҷаи интернетӣ ба миён меояд.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки мубориза бо экстремизм ва пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ вазифаи танҳо як ниҳод ё давлат нест, балки масъулияти муштараки тамоми ҷомеа мебошад. Танҳо тавассути ҳамкории зичи давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои таълимӣ ва созмонҳои байналмилалӣ метавон ба натиҷаҳои устувор ноил гардид.
Ахмедов М,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара

