Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират дар Тоҷикистон корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватанбаргашта гузаронида шуд.
Дар ҷараёни суҳбат бо сокинон қайд карда шуд, ки шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар давоми 365 рӯз танҳо 90 рӯз бе иҷозати махсус дар ФР бошанд. Яъне, агар онҳо бе патент РВП, ё ВНҶ бошад, баъди 90 рӯзи будубош бояд аз кишвари Россия барояд ва баргаштан танҳо баъд аз анҷоми муҳлати ҳисоб иҷозат мешавад.
Ба маълумоти сокинон расонида шуд, ки барои гирифтани патент дар маркази бисёрсоҳавии (МММ) “Сахарово” (Москва) дар соли 2026 ба онҳо лозим аст, ки маҷмуи ҳуҷҷатҳоро ҷамъоварӣ намуда, хизматрасониҳои марказро пардохт намоянд.
Руйхати ҳуҷҷатҳои зарури: шиносномаи хориҷӣ, тарҷумаи шиноснома (бо тасдиқи нотариалӣ, мумкин аст дар ҷой омода карда шавад), корти муҳоҷиратӣ – ҳадафи сафар ҳатман бояд “кор” бошад.
Ҳар эълоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба кор дар хориҷа дастрас менамоянд, донанд, ки ин ширкатҳо қаллобанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки ширкатҳои қаллоб ба шаҳрвандон ваъдаҳои дурӯғ, маошҳои калон, ҷойи зист ва хӯроки бепул пешниҳод менамоянд. Дар ҳақиқат чунин нест. Донед, ки ҳар он маоши дар ҳаҷми калон, ки ширкатҳои қаллоб пешниҳод менамоянд, дар асл чунин нестанд. Чунин маошҳо ба шаҳрвандони хориҷи (муҳоҷирони меҳнатӣ) пешбинӣ намешаванд.
Дар равиши суҳбат бо шаҳрвандон, онҳо боз дигар ҳуҷҷатҳои сохтаро равон мекунанд ва пас оҳиста-оҳиста аз шаҳрвандон маблағи калон мегиранд. Шаҳрвандон худашон намефаҳманд, ки чи тавр чунин маблағҳоро қисм ба қисм ба қаллоб равон кардаанд. Пас қаллоб суҳбатҳоро қатъ мекунад, ба навиштаҷотҳои шаҳрвандон ҷавоб намедиҳад. Дар натиҷа, шаҳрванд аз маблағҳои зиёд маҳрум мешавад, ки онҳоро дигар баргардонида наметавонад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

