Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия суҳбату вохӯриҳо бо сокинон гузаронида шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба ҳозирин, вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонону занон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ходисаҳои номатлуб, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ҷалби ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, хизмат ба Модар Ватан, ба кор ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта, суханронӣ намуданд.
Дар баромади худ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, яъне терроризм ва экстремизм дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд, иброз намуда, ба иштирокдорон доир ба мавзуъ брошюраҳо тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

