Дар замони муосир, ки низоми робитаҳои байналмилалӣ бо таҳдидҳои гуногун – муноқишаҳои мусаллаҳона, терроризму экстремизм, рақобатҳои геополитикӣ ва буҳронҳои гуманитарӣ рӯ ба рӯ гардидааст, масъалаи таҳкими сулҳ ба яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати сулҳпарвар ва ҷонибдори дипломатияи бисёрҷониба дар ташаккули механизмҳои байналмилалии таҳкими сулҳу дӯстӣ саҳми арзишманд мегузорад. Ташаббуси навбатии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» бори дигар собит месозад, ки кишвари мо пайваста барои таҳкиму тақвияти сулҳу озодӣ талош меварзад.
Дар моддаи 11-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Ташвиқоти ҷанг манъ аст. Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд. Давлат бо ҳамватанони берунмарзӣ ҳамкорӣ мекунад». Мазмуну моҳияти ин меъёр аз мавқеи устувори давлат дар самти пешгирии низоъҳо, таҳкими амнияти байналмилалию минтақавӣ ва рушди ҳамкории осоишта шаҳодат медиҳад. Аз ин лиҳоз, маҳз ҳамин муқаррароти конститутсионӣ заминаи ҳуқуқии татбиқи ташаббуси байналмилалии Тоҷикистонро бобати эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» фароҳам овард.
Таҷрибаи таърихи навини Тоҷикистон ба таври равшан нишон медиҳад, ки сулҳ барои халқи тоҷик на танҳо арзиши сиёсӣ, балки омили калидии ҳифзи давлатдорӣ ва ҳастии миллӣ мебошад. Зеро мардуми шарифи тоҷик дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, даҳҳо ҳазор нафар қурбон ва садҳо ҳазор шаҳрванд маҷбур тарки Ватан карданд. Дар чунин шароити мураккаб Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ сулҳу оштии миллиро ҳадафи асосии давлат қарор доданд. Талошҳои пайгирона ва корномаҳои фидокоронаи ин қаҳрамони миллат ва иродаи қавию муттаҳидии мардум буд, ки миллати ҷангзадаи мо пас аз 5 соли бесарусомонӣ санаи 27-уми июни соли 1997 аз нав ба ошёни сулҳу ваҳдат расид.
Маҳз ҳамин таҷрибаи нодири таърихӣ, ки дар натиҷаи он тоҷикон тавонистанд аз низои дохилӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ расанд, имрӯз ба яке аз пояҳои маънавии сиёсати хориҷии кишвар табдил ёфтааст.
Дарки воқеии арзиши сулҳ боис гардид, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ташаббускор дар масъалаи сулҳофарӣ ва таҳкими сулҳу дӯстӣ шинохта шавад.
Ин иқдоми шоиста таҷассумгари сиёсати давлатест, ки арзиши сулҳро ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун омили асосии рушди устувор ва таъмини амнияти наслҳои имрӯза ва оянда арзёбӣ менамояд.
Ин ибтикори созанда метавонад барои муттаҳид сохтани талошҳои давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии ҷангу низоъ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва таъмини амнияти устувор заминаи мусоид фароҳам орад.
Абдуллоев Некрӯз – мудири бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират
