Кормандони масъули МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии навбатиро бо шаҳрвандон дар ширкати мусофирбарии “Сорбон-и шаҳри Хуҷанд, ки тавассути нақлиёти мусофирбарӣ ба самти шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия равонаанд, идома дода истодаанд.
Дар рафти вохӯрӣ бо шаҳрвандон, оид ба вазъи имрӯза дар кишвари Россия, қонунгузории нави он маслиҳатҳои муфид доданд. Аз ҷумла, ба маълумоти шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ расонида мешавад, ки аз 4 сентябри соли 2026 дар Хадамоти консулӣ маркази ягонаи тамос бо рақами +7(495) 916-99-99 фаъол карда шуд.
Ҳангоми занг задан муроҷиаткунанда метавонад маълумотро бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ аз рӯи намудҳои хизматрасонии консулӣ интихоб намояд. Пас аз интихоби намуди хизматрасонӣ, занг ба таври худкор ба корманди масъул барои пешниҳоди машварати дахлдор равона карда мешавад.
Дар фарҷом ба суолҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби кормандони марказ ҷавобҳои мушаххас дода шуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

